Home Articles Гирифтани силоҳ ва қатли бегуноҳон аз назари ислом

Гирифтани силоҳ ва қатли бегуноҳон аз назари ислом

Гирифтани силоҳ ва қатли бегуноҳон аз назари ислом
2018-10-12
2664

Ҳар як инсон ободии ҳаёт, тинҷию амонӣ дар ватан ва саломатиро орзу дорад. Ҳаёт дар ҳақиқат бо ин се чиз барпо аст. Паёмбари Худо (с) мефармоянд, ки: “Касе аз шумо субҳгоҳ бихезад, ки дар ватани худ тинҷу амон аст ва тану ҷисмаш сиҳат аст ва наздаш рӯзии якрӯза бошад, гӯё ки дунё ба тамоми ҳастиаш барояш баробар бошад” Ривояти  Тирмизӣ.

Агар ба таҳқиқ нигарем, аз ин се чиз муҳимтараш тинҷию амонӣ аст, зеро бидуни он зиндагӣ роҳат надорад ва таом дар бадан лаззат надорад ва офият барояш мукаммал нахоҳад гашт. Фоидаҳои амн он аст, ки ҳуқуқи инсон поймол намешавад ва обрӯ нигоҳ дошта мешавад ва амвол ғорат намешаванд ва роҳҳо бехатар мешаванд ва намозҳо бо ҷамоат барпо мешаванд ва таълими илм таҳқиқ меёбад, корҳои хуб ба анҷом мерасанд ва корҳои мункар кам мешаванд ва мардум бо ҳамдигар дӯстию рафоқат мекунанд ва як дигарро ба корҳои хайр ва худотарсӣ дастёрӣ мекунанд, ҷамоату шаҳрҳо обод мегарданд. Аммо касе садди ин гуна роҳҳои хайр мешавад ва ба ҷои амн дар дили мардум хавфу бимро меафканад, ба гуноҳи кабира даст задааст. Аз ҳама азимтарин мункар ва бузургтарин гумроҳӣ ин хуни ноҳақ резондан аст. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳалол нест барои мусалмон мусалмонеро битарсонад” Ривояти Аҳмад.

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Касе ба сӯи бародари худ ба асбоби тезинае ишора намояд, фариштагон ба вай лаънат мехонанд, ҳатто агар бародари аз як падару модари худ бошад”. Ривояти Муслим.

Силоҳ бардоштан ва ё ки ишора намудан ба силоҳ ин қадар ҷурм дошта бошад, пас хуни ноҳақро резондан чӣ гуна ҷурми бузург дошта бошад... Ҳоло ин ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Касе бар мо силоҳ бардорад вай аз мо нест”. Муттафақун алайҳ.

Аммо Худованд дар китобаш бо ваъиди сахт хабар медиҳад:

Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ў дўзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93).

Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, талаву тороҷи моли мардум ҳаром аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод ҳаром аст.

Фазлиддин Насриддинов,

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More