Home Articles “Вақте як гурӯҳи ҷинояткор таъқиб мешавад, гурӯҳи дигари ҷинояткор ба таҳлука меафтад”

“Вақте як гурӯҳи ҷинояткор таъқиб мешавад, гурӯҳи дигари ҷинояткор ба таҳлука меафтад”

“Вақте як гурӯҳи ҷинояткор таъқиб мешавад, гурӯҳи дигари ҷинояткор ба таҳлука меафтад”
2018-10-23
2285

Манфиатҷӯиву манфиатхоҳӣ дар замири бархе аз инсонҳо ончунон маскан гирифтааст, ки дар роҳи расидан ба молу сарвати дунёӣ аз азизтарин ва муқаддастарин чизҳо гузар мекунанд, ба сӯи Ватани худ, зодгоҳи худ санги маломат мезананд...

Бинобар хабарҳои расида боз хоинони бурунмарзии тоҷик аз зери бағали хоҷагони худ чир-чир карданд ва даъвои гӯё пуштибонӣ аз Бадахшониён менамоянд. Албатта вақте ки як гурӯҳи ҷинояткор таъқиб мешавад, гурӯҳи ҷинояткори дигар ба таҳлука меафтад. Имрӯз, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои тинҷию оромӣ ва пеши роҳи воридшавии маводҳои зараровар ба ҳаёти осоиштаро гирифтан ба ин минтақа қувваҳои қудратиро равон кардаст, ин иқдом барои ҷинояткороне мисли муассисони ба ном “Паймони миллӣ”созгор нест. Чунки онҳо ҳеҷ вақт намехоҳанд, ки роҳи воридшавии маводи мухадир ва яроқ, ки асосан ҳардуи он барои нобудсозии суботи ҷомеа мебошад, гирфта шавад.  

Аз ин дида мешавад, ки мақсаду мароми ҳам ҷинояткорон дар дохил ва ҳам дар беруни кишвар, ки ба қавли худашон «ҳомии ҳуқуқи мардуми Бадахшон» ҳастанд, аз пешгирии воридшавии силоҳу аслиҳа ва маводи мухаддир ба ин минтақа норозӣ ҳастанд ва мехоҳанд, ки ҷавонони бадахшӣ аз истеъмоли ин маводи марговар даст накашанд ва падару модарони онҳо дар ғаму андуҳи фарзандони бемори нашъаманд бимонанд.

Аз тамоми ахбороти иттилоотӣ, ки аз Бадахшон ба мо мерасад, имрӯз ягон нафар аз ниҳодҳои қудратӣ ба ягон нафари мардуми осоишта коре нагирифтанд, балки аксари занону модарон аз онҳо тақозо доранд, ки пеши роҳи воридшавии маводи марговар ба ин минтақа гирифта шавад ва ҷинояткороне, ки ба ин аъмоли паст даст мезананд, дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Умед аз он мекунем, ки мардуми бонангу номуси Бадахшон имрӯз бо ҳидояти Парвардигор ва зери роҳбарии Пешвои миллат ба ҳар гуна дасисаву фитнаҳои хоинони миллат дода намешаванд ва пеши роҳи чунин хоинони миллатро мегиранд ва намегузоранд, ки амнияти кишвар халалдор гардад. Дар ин робита имрӯз аз ҷониби Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии  исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе муроҷиатномае ба мардуми сарбаланди Бадахшон дар матбуот ба нашр расид, ки умедворем, бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло ва мауроҷиатномаи мазкур ҷавонони саодатманди Бадахшон сараро аз носара тамйиз карда, бо афкору рафтору кирдори худ дар роҳи рушди минбаъдаи Ватани азизамон саҳми сазовори худро хоҳанд гузошт.

Ҷамолиддин Хомӯшов, 

сармутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More