Home Articles Муҳаббати наҳзатиён ба силоҳдорон

Муҳаббати наҳзатиён ба силоҳдорон

Муҳаббати наҳзатиён ба силоҳдорон
2018-10-24
2436

Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ ташкилоти экстремистӣ ва терористии ҳизби наҳзати исломӣ бо намоиши чанд аксу видео муҳаббати худро нисбати чаҳор панҷ нафар силоҳдори дар Бадахшон буда нишон дода истодааст. ТЭТ ҲНИ бо ин суханону аксҳояш бори дигар собит мекунад, ки оромиву осоиштагиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дида наметавонад. Аз ин рӯ, бо фармоиши хоҷагони берунаи худ даст ба ҳар гуна иғвову дасисаҳо зада, боз дубора мехоҳанд ин кишвари тинҷу ором бесубот шавад. Ин гурӯҳи ифротии иғвогару ватанфурӯш дар бораи Бадахшоне, ки тинҷу ором аст, суханони нодурустро дар шабакаҳои интернетӣ овоза карда истодааст. Воқеият ин аст, ки тарафдорӣ ва пуштубонии ҷинояткорон худ ҷиноят аст. ТЭТ ҲНИ, ки худ ҷинояткору хоин аст, боз пуштубонӣ аз чанд ҷинояткорро мекунад. Нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромиву осиштагии Ватан вазифаи шаҳрвандӣ ва имонии ҳар як сокини азизи ин сарзамини зебову аҷдодиамон мебошад. Бовар дорем, ки мардуми шарифи Бадахшон ба ҳар гуна иғво ва дасисаҳои гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки барои манфиати шахсии худ кор мекунанд, дода нашуда, саҳми арзандаи худро монанди Шириншо Шотемур ва даҳҳо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар рушду шукуфоии кишвар мегузоранд.

Бурҳониддин Аминов,

Корманди Кумита

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More