Зарар ва ҳукми шаръии маводи мухаддир
Худованди мутаъол инсонро офарид ва ӯро каромат бахшид ва бо имтиёзоти бузурге ӯро аз бақияи махлуқот мумтоз гардонид; Аз муҳимтарини он имтиёзот, ақл ва идрок ҳастанд, ки инсон ба василаи онҳо метавонад Парвардигори хешро парастиш кунад, ва дар хуб сохтани иҷтимоъе, ки дар он зиндагї мекунад, шарик бошад. Аз инҷост, ки Худованд, оқилонро мухотаб қарор дода ва онҳоро ба анҷоми вазифаҳои бузурге мукаллаф сохтааст, ки нафъи онҳо ба сӯи худашон ва иҷтимоашон ба хайр ва саодат бармегардад. Худованди мутаъол чизҳоеро, ки фосидкунандаи ақл бошанд аз қабили мускирот, мухаддирот ва мазаррот ҳаром қарор додааст. Уламо дар қадим ва дар асри ҳозир аз ин маводи палид ва заҳрҳои кушанда барҳазар доштаанд ва ҳукми шаръиро, ки бояд дар ҳаққи иртикобкунандагони ин ҷурм иҷро шавад, баён кардаанд.
Мавзуъи маводи мухаддир чунон мушкилест, ки тамоми ҷаҳони шарқу ғарбро ба сӯи худ мутаваҷҷеҳ кардааст ва хатари он бар ҷаҳони Ислом низ хатар дорад. Ба вижа ҷаҳони имрўз, ки гӯё деҳкадае беш нест, зеро ҳар навъ ҳодисае, ки дар ҳар гўшаи он иттифоқ афтад, касоне ки дар гўшаи дигари он зиндагї мекунанд, аз он таҳти таъсир қарор мегиранд.
Бо дар назаргирифтани ин бар муслимин агар хоҳони ҳифозати насли хеш ҳастанд лозим аст, ки кўшиши бештаре барои назорати ин унсури фасод ба харҷ бидиҳанд.
Мухаддир вожаи арабиест, ки аз калимаи «хадара» ба маънои сустї, нармї ва нотавонӣ ва ба маънои сардӣ низ омадааст. Ба сурати умум маънои тарс, кундӣ, ҳайронӣ, танбалӣ, беғайратї ва беҳимматиро дар бар мегирад.
Зиёни ақлї ва равонӣ
На танҳо дини мубини Ислом, балки тамоми адёни осмонӣ ба хотири ҳимоят аз умури панҷгона: дин, ақл, шараф ва номус, ҷон ва мол омада ва ба ҳифозати он таъкид дошта ва хирадмандон бар он иттифоқ доранд.
Аз ҷумлаи умури панҷгона, ки ба таври мушаххас ба сабаби маводи мухаддир осебпазир аст, ақли инсон аст, зеро маводи мухаддир монанди хамр дар ақл осори манфие боқї мегузорад. Ба гунае ки истеъмоли он муҷиб мешавад, инсон дурро наздик ва наздикро дур бубинад.
Ин неъмати бузург аст, ки Худои мутаъол барои инсон лутф намуда ва инсон ба василаи он роҳҳои хайру ҳидоятро дарк намуда ва Парвардигори худро ибодат менамояд.
Ҳамин ақли инсон буд, ки Худованд онро пешво ва ҷонишин дар рӯй замин қарор дода ҳама мавҷудотро барояш мусаххар кард, вале бозҳам қурбонии ҷуръае аз шароб ё порчае аз чарс ё афюн ва ғайра аз палидиҳо мешавад! Пас афсўс ба ҳоли касе, ки ақли худро қурбонии ин чунин лаззатҳо ва хушиҳои хаёлї ва кўтоҳмуддат намуда онро табоҳ ва барбод медиҳад, ин лаззат ва мастиҳои хаёлї офот ва оќибатњои хатарноке дар пай дорад, ки инсонро бадтар аз ҳайвонот месозад, пас чї фарқе миёни шахсе, ки ақли худро тавассути шароб ба барбоди мекашонад ва шахсе, ки ба василаи маводи мухаддир онро табоҳ мекунад.
Ҳама диёнатҳои осмонии гузашта таваҷҷуҳи хосс ба ин умури панҷгона доштаанд, пас оё мумкин аст дини Ислом, ки охирин диёнатҳо дар рӯи замин аст ва ҳама хубиҳои хоссу омро дар бар дорад, розї ба он бошад, то фарде аз афроди мансуб ба он девонавор чизеро надонад ва ё ба тарафи девонагї равон бошад?! Абадан ин тавр нахоҳад буд, ва ҳеҷ гоҳ иҷозат нахоҳад дод.
Зиёнҳои динии маводи мухаддир
Маводи мухаддир монанди шароб палид ва аз амали шайтон аст Худованд мефармояд:
«Эй мўъминон! Шароб, қимор, сангҳои насбшуда барои парастиш ва бахтозмои ба василаи тирҳо палид ва аз кирдори шайтон аст, бинобар ин аз он дурї кунед, то бошад, ки растагор шавед, бегумон шайтон мехоҳад то ба василаи шароб ва қимор душманї ва нафратро миёни шумо эҷод кунад ва шуморо аз зикри Худованд ва аз намоз боздорад, пас оё шумо аз ин аъмоли ношоиста иҷтиноб намекунед?!». (Моида: 90-91)
Маводи мухаддир инсонро аз намоз бозмедорад ва ҳар чизе, ки монеъи ибодат шавад, монанди шароб аст ва фарқе миёни онҳо нест мисли чарс, героин, афюн ва...
Балки зиёни маводи мухаддир болотар аз шароб аст; чунки шайтон шахси муътод ба маводи мухаддирро аз намоз, зикри Худованд, қироати Қуръон ва ҳама ибодоте, ки ба таҳорат ва покии қалб ва ихлос зарурат дорад, монеъ воқеъ мешавад. Шахси муътод ба маводи мухаддир, қодир ба чунин аъмоли нек шуда наметавонад, чун худаш фоқиди ақл ва ҳуш аст ва фарқе миёни покї ва палидї, хубї ва бадиро карда наметавонад. Инҷост, ки ҳикмати Худованд дар мубоҳ намудани ашёи пок ва хуб ва ҳаром намудани нопокиҳо ва палидиҳо собит ва ҳувайдо мегардад.
Зиёнҳои иқтисодӣ
Маводи мухаддир ќабили аз афюн, чарс, героин, сигарет ва ѓайра- роҳро барои талаф ва барбодии мол ҳамвор месозад, дар ҳоле, ки Қуръон молро василаи устувории зиндагии мардум таъбир намуда, талаф, исроф ва зоеъ кардани онро ҳаром қарор додааст:
Худованд мефармояд: «Ва амволи худро, ки Худованд онро василаи устувории зиндагии шумо гардонидааст, ба бехирадон мадиҳед». (Нисоъ: 5)
Пас касе, ки худро ба маводи мухаддир мубтало ва муътод менамояд, аз нодонтарин ва бехирадтарин мардумон хоҳад буд, чунки вай пулу моли худро дар роҳе ба масраф мерасонад, ки зарару зиёни он ба таври мустақим ба ақл ва баданаш ворид мешавад ва дар ин роҳ ба таври ҳамеша то вақти тиҳидасту бенаво шудан масраф менамояд.
Масраф кардани мол дар чунин роҳ исроф ва зоеъ кардани мол ба ҳисоб меравад, ки аз далоили зайл ҳурмати он дониста мешавад:
«Эй фарзандони Одам, назди ҳар намоз зинати худро бигиред; ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад». (Аъроф: 34)
«Ва исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон ҳамвора нисбат ба Парвардигораш носипос будааст». (Исро: 27)
Аз Муғира ибни Шуъба (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Худованд бар Шумо ҳаром кардааст озори падар ва модар, манъи ончиро, ки бар шумо воҷиб аст ва талаби ончиро, ки аз шумо нест ва ба гўр кардани духтаронро ва намеписандад барои шумо қилу қол (гуфтугўи зиёд) ва касрати суол ва зоеъ кардани молро».
Агар мо шахсеро бубинем, ки ҳамарӯза миқдоре аз пули худро месўзонад, оё намегӯем ин шахс девона аст? Ва оё вайро аз ин амали девонавораш боз намедорем? Пас чи тавр ба шахсе, ки ақлу бадани худро ба моли худ месўзонад, наметавон вайро девона номид? Шахси муътод ба хотири ба даст овардани маводи мухаддир худро дар хатари марг қарор дода ҳама сахтиҳоро мутаҳаммил мешавад ва дар сурати ночорӣ аз дуздӣ, ғорат, қатл ва ғайра дареғ намеварзад.
А. Ашурзод сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин