Home Articles “Фитнанома”

“Фитнанома”

“Фитнанома”
2018-10-30
3098

Монанди он ки гӯштро аз нохун ҷудо кардан номумкин аст, ҳамон тавр ягон минтақаи Тоҷикистонро ҷудо-ҷудо тасаввур наметавон кард. Ватани азизи мо ҳамчун меросбари давлати бузурги Сомониён баъди ҳазор соли бедавлатӣ бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва иттиҳоду ваҳдати миллӣ ба як кишваре мубаддал шудааст, ки онро барҳақ, нигини Осиё меноманд.

Тинҷиву осудагӣ ва оромиву зиндагии муътадили мардуми тоҷик ва дигар сокинони ин ватан таваҷҷуҳи бисёре аз мутахассисони ҷомеашиноси дунёро ба худ ҷалб кардааст. Онҳо сабаби асосии чунин меъёри муътадили ҳаёти иҷтимоиро дар сиёсати хирадмандонаи давлат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаву баҳо додаанд. Баъди ҷанги таҳмилие, ки тӯли панҷ сол дар сарзамини Тоҷикистон идома дошт, тавассути афкори инсонпарварона ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлати тоҷикон сулҳу осудагӣ фаро расида, тайи ду даҳсола боз рушди устувори ҳама соҳаҳои зиндагӣ ҷараён дорад. Агар чуқуртар назар афканем, танҳо баъди соли 2000-ум кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ ба пояш рост шуд, лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ роҳандозӣ шуда, сохтмони пулу нақбҳо ва роҳҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда шуд, мактабу маориф ба низоми пешрафтаи таҳсил дароварда шуд.

Ҳар гоҳ, ки сухан аз пешрафти давлат равад, чанде аз нотавонбинон  даҳҳо масоили ҳалношударо мисол меоранд ва заррае андеша намекунанд, ки яку якбора ҳал кардани тамоми масоили марбут ба зиндагии шоистаи мардум имконнопазир аст. Тадриҷан ҳал шудани проблемаҳои рӯзгордориро ҳар як сокини кишвар бо чашми сар ҳамарӯза ба мушоҳида гирифта метавонад.

Ба гурӯҳи масоили доғи рӯз метавон овозаҳо ва иғвоҳои марбут ба Бадахшонро дохил кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум шахсони фитнаангез ҳар гуна сарусадоҳоро оид ба он ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гӯё вазъ буғранҷ бошад, паҳн мекунанд, ки дар шароити феълӣ басо падидаи хатарнок мебошад. Баъди вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони Хоруғ дар Бадахшон вазъият муътадил шуда истодааст. Инро мо аз васоити ахбор ҳамарӯза мебинем ва бо андешаҳои мардуми ин маҳал шинос мегардем. Сухан дар бораи халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ меравад, ки як раванди одии давлатдорист. Тартиботи ҷамъиятӣ барои ҳама бояд як хел бошад, чӣ дар Бадахшон ва чӣ дар Суғду Хатлон. Ҳар қадар силоҳи ғайриқонунии дар дасти баъзе ашхос мавҷудбуда ба мақомоти ҳуқуқ зудтар супорида шавад, ҳамон андоза мардум осуда зиндагӣ хоҳанд кард.

Табиист, ки ҷомеа мураккаб мешавад ва хоҳу нохоҳ дар он гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки худро ҳомӣ ва ё саркардаи мардум тасаввур карданӣ мешаванд. Дар Бадахшон низ чанд нафар аз ҳамин тоифа ҳастанд, ки зиндагии мардумро аз эътидол бароварданӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки қонун барои ҳама як аст ва ҳама бояд итоаткори қонун бошанд, вагарна сулҳу ваҳдат зери хатар мемонад.

Бадахшон як пораи хоки Тоҷикистон аст ва ба ҷуз чанд иғвоангезу фитнакор касе аз мардуми одӣ оид ба ин вилояти кӯҳсор сухани бад намегӯяд. Мутаассифона, ҳастанд гурӯҳҳое, ки аз ин фаъолияти муқаррарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фоҷиа бофтанӣ мешаванд. Ҳамин навъ фитна чанде пеш аз номи гурӯҳи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ нашр шуд, ки онро метавон на баёния, балки “фитнанома” номид. Дар ин санади пур аз иғво оварда мешавад, ки «мақомоти Тоҷикистон дар як макони ором вазъияти бӯҳронӣ эҷод кардаанд, вазъияте, ки хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳ дар Бадахшонро дар пай дорад». Аз ин ҷумлаи подарҳаво бӯи ғаразу душманӣ ва нифоқ меояд. Расули акрам (с) дар бораи ашхоси фитнаҷӯ фармудаанд: «Ал-фитнату ноиматун лаъаналлоҳу ман айқазаҳо», яъне фитна хоб аст, Худованд лаънат кунад касеро, ки  онро бедор кунад. Кабириву пайравони ихтилофандози ӯ ҳамеша дар пайи онанд, ки аз ҳар мушкили Тоҷикистон ба чашми ҷаҳониён фоҷиае намудор кунанд, ҳамеша ба он мекӯшанд, ки вазъро тавре намоиш диҳанд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон зидди шаҳрвандони худаш муноқиша мекарда бошад. Магар давлатеро, ки дар ҳудудаш тартиботи қонуниро ҷорӣ мекунад, бо «ҷанг бо аҳолӣ» айбдор кардан мумкин аст? Кадом ақли солим ин гуна андешаро қабул мекунад? Дар ақли кӣ меғунҷад, ки ҳукумат дар сарзамини худаш, бо мардуми худаш муноқиша мекунад? Ин баёния, ки саропо иғвову фитна аст, бори дигар мавқеи хушунатомези ТЭТ ҲНИ-ро бо сарварии Кабирӣ, ки имрӯзҳо бо ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» баромад карда истодаанд, нишон медиҳад.

Раҳбарони ин созмони подарҳаво боз умед ба ҷангу муноқиша доранд, ягона усули фаъолияташонро дар ихтилофандозӣ мебинанд. Чунки Худованди мутаъол фармудааст: «Алфитнату ашадду минал-қатл». (Сураи Бақара, ояти 191). Яъне фитнаангезӣ аз қатлу куштор сахттар аст. Инҳо гурӯҳе ҳастанд, ки дунё ва охирати худро ба хотири маблағҳои ҳангуфти хоҷагони худ аз даст додаанд. Ҳоло ҳам фурсат доранд, ки як бори дигар хуб ба андешаву ҳикмат фурӯ бираванд, шояд ҳақиқатро дарк кунанд. Инҳо ба мақсадҳои пурғаразашон намерасанд, зеро ҳадафи сиёсати давлати Тоҷикистон тамоман дигар аст. Дар меҳвари ин сиёсат Тоҷикистони воҳид ва пешрафта аст ва мардум инро хуб дарк кардаанд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More