Home Articles МО ДИГАР ХАЛҚИ ПАРЕШОН НЕСТЕМ…

МО ДИГАР ХАЛҚИ ПАРЕШОН НЕСТЕМ…

МО ДИГАР ХАЛҚИ ПАРЕШОН НЕСТЕМ…
2018-11-05
2586

Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудшавӣ раҳо бахшидани давлату давлатдории он нақши бузурге бозид. Аз апрели соли 1994 то июни соли 1997 нӯҳ музокироти расмӣ ва 18 вохӯриҳои тарафҳо баргузор гаштаанд. 27-уми июни соли 1997 дар Москва дар вазъияти тантанавӣ ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ниҳоят Ваҳдати миллӣ, ки роҳнамои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ҷисми беҳоли Ватан рӯҳу равони тоза бахшид. Давлату  миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳо намуд.

Имрӯз халқиятҳое чун ӯйғурҳо, курдҳо, тибетҳо, баскҳо шумораи зиёди аҳолӣ доранд, аммо соҳибдавлат нестанд. Ваҳдати миллӣ рукни муҳими ҳифзи истиқлолу соҳибдавлатии миллист. Танҳо давлати миллӣ метавонад ҳамчун қудрати миллат шинохта шавад ва бар зидди ҳама зуҳуроти тафриқаандоз мубориза барад. Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллат, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррез, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг шинохта шудан аст. Ваҳдати миллӣ пойдевори рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мардум бо истифода аз Ваҳдати миллӣ ободкориҳоро хеле вусъат бахшиданд. Имрӯз аҳолӣ медонад, ки хонаи обод, фазои орому осудаи Ватани азиз аз файзу баракати Ваҳдат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барпокунандаи бедории миллӣ ва тақвиятбахшандаи он кишварро бо азми устувор рӯ ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ниҳод. Сохтани нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб натанҳо пайвандгари минтақаҳо, балки васлгари дилҳо, таъминкунандаи ваҳдати сартосарии ҷумҳурӣ мебошад.

Ба ҳамаи ин пешрафти давлати хуқуқбунёди демократиамон нигоҳ накарда боз ҳастанд нотавонбиноне, ки тинҷию осоиштагии халқи тоҷикро намехоҳанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба кӯйи гумроҳӣ мебаранд. Аз соддалавҳии онҳо истифода бурда, ба корҳои ношоиста даст зада, ба гурӯҳҳои тундгаро шомил месозанд. Бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Зеро ҷавонони мо, ҷавонони солҳои навадуми қарни гузашта нестанд. Ин ваҳдату ягонагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷавонони тоҷик бо ғурур ва ифтихори миллӣ меҳани худро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Чунонки аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорем, рӯзҳои 16-18-уми октябр дар Мисри Араб конфренсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид, аз 73 кишвар ходимони дин, раисони шурои уламо, донишмандони соҳаи дин ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин конфронс ТЭТ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардид, ки ин ташкилот аз соли 1973 таъсис ёфта, зери шиори «Марг волотарин орзуи мост» амал намуда, бо фатвоҳои гумроҳкунанда даст ба амалҳои зишт мезаданд. Бо андешаҳои тундгароии хеш ихтилофу фитнаро дар байни мардум эҷод намуда, амну суботи ҷомеаро аз байн мебаранд, ки боиси парокандагии давлат ва парешонии халқиятҳо мешавад.

Аз ин лиҳоз, шароити мураккаби феълии ҷаҳони муосир бо ҳамаи зуҳуроту падидаҳояш моро водор месозад, ки беш аз пеш ҳушёру зирак бошем. Агар ҳар кадоми мо чун риштае бо ҳам пайваста, тоб хӯрем, ресмони давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму ногусастанӣ мегардад, он гоҳ кор натиҷа медиҳад.

Ободӣ аз иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Оре, агар мо бо ҳам носоз шавем, якдигарро ранҷонем, кору амал халал меёбад ва боиси бедавлатӣ мегардад. Ба қавли шоири оташинсухан Абдуқодири Бедил:

Васли инсон гули муроди ҳама,

Боиси фахру иттиҳоди ҳама.

Яъне, чун инсон ҳастӣ, бояд ба инсон дар васл бошӣ, муҳаббат бархезад, дӯстию муҳаббат кафшест, ки одамони гуногунро ба ҳам мепайвандад. Ҳар инсон бояд дили дигар инсонро ба даст орад.

Ноҳияи мо аз солҳои сиюми асри гузашта гуногунқавму гуногунмиллат аст. Дар он тоҷику ӯзбек, русу тотор ва дигар халқиятҳо, ҳатто қазоқу осетину гурҷӣ низ буданд. Онҳо якҷоя кору зиндагӣ карда, ноҳияро обод гардониданд. Ҳама бо ҳам дӯст, иттифоқ буданд. Ҳамон анъана ҳоло ҳам давом дорад. Бо ҳамем, чунки аз дари “қасри Ваҳдат” даромадем. Чаро ки маҳз ваҳдати мо боиси некуаҳволии мо мегардад.

Ваҳдати мо оварад осудагӣ,

Гул кунад з-осудагиҳо зиндагӣ.

Ин ҳама пешрафту шукуфоӣ самараи ваҳдати миллӣ аст. Пас мебояд, ки мо ин ваҳдатро чун гавҳари чашми худ ҳифз намоем, то дастовардҳои аз ин ҳам баландро сазовор бошем.

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ба номи  «Шайх Раҳматулло»-и деҳаи

«Ҳосилобод», Ҷамоати шаҳраки  «Киров»-и ноҳияи Вахш

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More