Home Articles Оғози фаъолияти “Роғун” дар рӯзи Президент рамзӣ ва фоли нек аст

Оғози фаъолияти “Роғун” дар рӯзи Президент рамзӣ ва фоли нек аст

Оғози фаъолияти “Роғун” дар рӯзи Президент рамзӣ ва фоли нек аст
2018-11-22
2260

Имрӯз халқи тоҷик дар остонаи расидан ба ормони миллӣ-оғози фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” қарор дорад. Нерӯгоҳе, ки фаъолияташ ҳамагӣ чанд соле пеш барои бархе афсонае беш набуд. Воқеан, вақте сухан дар бораи нерӯгоҳ “Роғун” меравад, бешак пеши назар фаъолиятҳои пурсамар, иродаи қавии сиёсӣ, устуворӣ ва азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад. Зеро имрӯз бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки агар азми устувори Пешвои муаззами миллат намебуд, мо ба чунин рӯзи неку сарнавиштсоз намерасидем. Зеро Пешвои миллати мо ҳанӯз аз даврони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон ҳамеша ба нерӯи созандаи халқ эътимод ва такя намуда, ҳар суханашон сухани халқ ва дарди дили халқ буд. Ҳеҷ як фарди худшиносу бедордил сухани Пешвои миллат – “Агар лозим шавад, мо бо нохунҳоямон дили кӯҳро шикоф карда, Роғунро бунёд мекунем”-ро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Маҳз ин сухани оташбори Пешвои миллат буд, ки дар дили миллат шуълат умед афканд, шуълаи умед ба фардои боз ҳам дурахшонтар.

Зимнан, ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасодуфӣ набуда, ин як фоли нек ва басо рамзист. Имрӯз рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва рӯзи пирӯзии иттиҳоду ҳамбастагӣ бар парешониву зулмот аст.

Абдуғаффор Юсуфов,

сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More