Роғун – роҳе ба сӯйи фардои дурахшон
Санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак, дар саҳфаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рӯбарӯ хоҳад сохт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайваста, симои шаҳру ноҳияҳо, ба хусус пойтахти кишвар ба куллӣ дигар гашт. Ҳанӯз дар оғози давлатдории навин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба ҳайси се ҳадафи стратегӣ дурнамои фаъолияти дастаҷамъонаи аҳли хоҷагидории кишвар муқаррар намуданд.
Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ду неругоҳи барқи обӣ – “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бахти миллати тоҷик, чархаи аввали НБО-и “Роғун” имрӯз, санаи 16 ноябр ба кор дароварда мешавад. Қабули “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009-2020” раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун санаи 26-уми июли соли равон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ ҷиҳати баҳрабардории агрегати аввали неругоҳ, таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Натиҷаи ҳамин иқдомҳо буд, ки бори аввал зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст, зеро 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳои баландтарини ҷаҳон ташкил медиҳад. Бо назардошти ин нишондод, ҳатто тараққиёти соҳаи кишоварзӣ назар ба тавлиди неруи барқ дар кишварамон маҳдудтар ҳисобида мешавад. Шумораи зиёди дарёҳои хурду калон Тоҷикистонро аз бобати захираҳои гидроэнергетикӣ, хусусан «энергияи сабз», яке аз ғанитарин кишварҳои олам гардонидааст.
Бо вуҷуди кишвари сероб будани Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба обро пайваста аз минбарҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Аз рӯйи маълумотҳо, бар асари гармшавии иқлим дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 боиси танқисӣ кашидани зиёда аз 40 %-и сокинони сайёра аз оби ошомиданӣ хоҳад шуд. Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудаанд ва ташаббускори қатъномаҳои даҳ соли охири СММ оид ба масоили марбут ба об буда, ба ҷаҳониён собит намудааст, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди дар саргаҳи об буданаш, ташаббускори ҳалли масоили марбут ба об дар сайёра мебошад.
Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он ба бор меояд.
Агар ба таърихи сохтмони НБО “Роғун” рӯ оварем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳои табиию сунъӣ меёбем. Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10-уми июли соли 1972 сабт гардидааст. Сохтмони неругоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки бунёди неругоҳи Роғунро дубора эҳё намоем. Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале бо дарки амиқи аҳамияти ин иншооти азими гидроэнергетикии аср ва дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоии Пешвои миллат, инак қарор аст, 16-уми ноябри соли равон аввалин агрегати неругоҳ ба кор дароварда шуда, моли таърих гардад.
Иқтидори лоиҳавии НБО “Роғун” 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан ва бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат такони ҷиддиест ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор. Хусусан санаи 29-уми октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 – расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди НБО “Роғун” ҳусни оғоз бахшиданд.
Маврид ба таъкид аст, ки барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои сохтмони иқтидорҳои энергетикӣ барномаҳои гуногунро амалӣ намояд. Ин барномаҳо иборатанд аз сохтмони неругоҳҳои хурд, миёна ва бузург дар рӯдҳои мамлакат, неругоҳҳои аловӣ ва инчунин истифодаи неруи офтоб. Мутобиқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то соли 2020 дар мамлакат бояд 71 адад неругоҳи хурд сохта шавад. Ҳоло зиёда аз 10 адад чунин неругоҳҳо бунёд гардидааст. Илова бар ин, неругоҳҳои Сангтӯда-1 бо иқтидори 2,7 млрд кВт/с ва Сангтӯда-2 – 930 млн кВт/с ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар фаъолият мекунанд. Ҳарчанд ин неругоҳҳо эҳтиёҷи энергетикии мамлакатро қисман таъмин намоянд ҳам, талаботи рӯзафзуни ҷумҳуриро пурра қонеъ карда наметавонанд. Сохтмони пурраи НБО “Роғун” барои ҷумҳурии мо ҳаётан муҳим арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон бо сохтмони пурраи НБО “Роғун” ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозии бахши аъзами онҳо муваффақ буда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.
Хушбахтона, бо шарофати неъмати истиқлол ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар зарфи 27 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооту сохтмонҳои азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рӯзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст. Боиси хушнудист, ки мо имрӯз дар остонаи ифтитоҳи як иншооти бузурги электроэнергетикӣ қарор дорем. Воқеан аз муждаи ифтитоҳи ин неругоҳ қалби мардумро шодию фараҳ тасхир кардааст. Дар воқеъ, қабл аз ҳама дар сохтмони «Роғун» саҳми Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро Роҳбари давлати тоҷикон тавонистанд бо азми қавӣ рӯ ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, Роғунро ба иншооти миллӣ табдил диҳанд. Чанд сол қабл Пешвои миллат дар як боздиди хеш аз Роғун гуфта буданд, ки орзуи ягонаашон гардон кардани чархаи аввали неругоҳ мебошад. Ин изҳороти Ҷаноби Олӣ қудрату неру ва рӯҳияи созандагии мардуми Тоҷикстонро тақвият бахшид. Инак, мо бо сарварии Пешвои маллатамон ба ин орзуи неки худ расидем. Иншооти мазкур баъд аз истиқлолияти давлатӣ бузургтарин муваффақияти ҳалқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазоворинаслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ бароипешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурдубузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад».
Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои он пешбинӣ шудааст, ки асрҳои аср ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва минтақа хидмат намуда, оламеро чароғон созад. Бунёди НБО «Роғун» исботгари он аст, ки халқи тоҷик халқи тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама хостаҳо ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.
Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.
Бинобар ин, мо – соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!
Мардуми Тоҷикистон, ки бисту ҳафт сол инҷониб ба шарофати соҳибистиқлолӣ тақдири давлату давлатдории худро ба дасти худашон гирифтаанд, хуб мефаҳманд, ки аз мӯҳтоҷӣ баромадан, мушкилоти Ватан ва хонаву дари худро бо дасти худ осон кардан ва сарзамини аҷдодиро бо ҳиммату ғайрати худ обод намудан чӣ қадар арзишу манфиат ва дар айни замон чӣ нишоту хушбахтӣ дорад.
Имрӯз фурсати ватанхоҳиву ватандории ворисони тамаддуни поксиришти ориёӣ, меросдорони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ибни Сино, Носири Хусраву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва ҳазорон фарзонаҳои миллат расидааст!
Имрӯз вақти озмоиши рӯҳи бешикасти авлоди Спитамену Деваштич, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон родмардони ин миллати фарзона омадааст!
Имрӯз таърих бар дӯши мову шумо – мардуми шарофатманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург - бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург мебошад!
Имрӯз дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт!
Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст!
Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.
Сафаров Диловар,
мутахассиси пешбари Кумита