Home Articles Ислом моро ба ҳифзи ватан мехонад

Ислом моро ба ҳифзи ватан мехонад

Ислом моро ба ҳифзи ватан мехонад
2018-11-28
2742

Ҳифзу ҳимояи ватан дар ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Зеро дар ояти охирони сураи “Оли имрон” Парвардигор мефармояд:

Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!

Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”-омода бошед, дар,  ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омада бошед. Дар ибтидо “работ” хоначаеро мегуфтнд, ки дар он марзбонон иқомат мекарданд ва баҳри ҳимояи ватан шабурӯз машаққат мекашидант. Баътар калимаи “работ” ба худ маъноҳои дигарро низ касб кард. Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа.

Дар ин замина шоире мефармояд:

Инсон набувад ҳар ки ватанхоҳ набошад

Ғамхори чунин халқи дилогоҳ набошад

Сагро зи вафодори вафодор бигӯянд,

Айб аст, ки одамӣ вафодор набошад

Вазифаи аввалини ҳар яки мо ҳимояи ватан аз тариқи фаҳмндадиҳӣ, огоҳонидан аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварист.

Ҳимояи ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.

Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст:  Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: 1) Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд). 2) Овоз чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).  3) Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).

Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.

Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Посбонии як шабонарӯз дар роҳи худо беҳтар аст аз дунё ва он чизе, ки дар дунё аст.

Амири беватан зору ҳақир аст

Гадое дар Ватан мирад, амир аст.

Аз назари таълимоти шариат низ хизмати ватан-модар, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як мусалмон ба ҳисоб меравад.  Худованди тавоно дар Қуръони Карим ба Ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) дар мавриди Ватан чунин фармудааст: “Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сӯи ҷои бозгашт бозгардонанда аст (Сураи “Қасас”ояти 85).

Ин оят дар сарзамини “Ҷуҳфа” аснои сафари Паёмбар (с) ба Мадинаи мунаввара нозил гардидааст.  Вақте ки Паёмбари акрам аз Макка ба Мадина мерафтанду дилашон ҳамеша ба зодгоҳи худ-Макка кашол буд.

Абдулло Хоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Синои ш. Душанбе

Pray time in Dushanbe

11.05.2025

More
Fajr03:38
Zuhr12:40
Asr17:39
Maghrib19:38
Isha21:08
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More