Home Articles МАРДУМФИРЕБИИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ

МАРДУМФИРЕБИИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ

МАРДУМФИРЕБИИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ
2018-12-12
2068

Хиёнат ва қатлу куштори бераҳмона самти муҳими фаъолиятҳои тахрибкоронаи ташкилоти эктремистӣ- терористии ҳизби наҳзати исломро ташкил медиҳад. Ҳизби террористие, ки роҳбаронаш дар фосилаи начандон дури таърихӣ рӯзҳои сахту даҳшатро ба сари мардуми мо оварданду боз худро “дӯстдори мардум” мехонанд.  Ҷанги хонумонсӯзи солҳои 90- ум аз нақшаҳои палиди ҳамин гурӯҳ буд, ки ҳазорон нафар кушта, бадарға ва бехонумон шуданд.

Ин палидону бадбинон бо ин кори худ мехоҳанд ҷавонони моро фиреб дода, ба коми марг баранд. ТЭТ ҲНИ ташкилоти терористиест, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешавад ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ даст ба ошӯбу ғавғо мезананд. Дар ин чанд вақти охир, мардуми тоҷик аз симои аслии ин ҳизби ба ном исломи  огоҳ шудаанд. Ин гурӯҳи ифротӣ аз аввали пайдоишаш  то ҳол аз дини ислом суиистифода намуда, мардумро бо ин роҳ мехоҳад фиреб диҳад. Дар асл ин ҳама қатлу кушторе, ки ин гурӯҳ анҷом дод, аз ислом нест. Танҳо барои расидан ба мақсади палиди худ исломро истифода намуданд. Он нафароне, ки ҳама бар террорист буданашон яқин доранд, набояд дар озодӣ зиндагӣ дошта бошанд, зеро будани ин гурӯҳҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарнок мебошад.

Бетартибиҳои соли 2015 низ, яке аз нақшаҳои пинҳонии ташкилоти экстремистӣ- терористии ҳизби наҳзат буд.  Ҳодисаи даҳшатноки  қатли сайёҳони хориҷӣ низ нақшаи тарҳрези кардаи ТЭТ ҲНИ мебошад. Аз кирдори ношоистаи ин ҳизб ҷаҳониён низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти экстремистиву террористӣ мешиносанд.

Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба «тазоҳурот» даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд аст: ТЭТ ҲНИ. Ин гурӯҳ аз тоҷикони муқими Аврупо хостаанд, ки дар «тазоҳурот»  иштирок кунанд. Ҳамватанони азизи моро мебояд, ки фикр кунанд то ки фиреби ин гурӯҳи ифротиро нахӯранд. Ин гурӯҳ ба монанди гузашта боз ҳам ноком хоҳанд шуд.

Бурҳониддин Аминов,

мутахассиси Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More