Home Articles ТЭТ ҲНИ-ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ

ТЭТ ҲНИ-ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ

ТЭТ ҲНИ-ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ
2018-12-14
2529

Гурӯҳҳои ифротии муосир бо номҳои гуногун аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, «Давлатии исломӣ», «Гурӯҳи 24» ва ҳаммаслаконашон имрӯҳо дар саросари ҷаҳони муосир бо ҷорӣ намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ машғул мебошанд. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад» во мо қотеона метавонем таъкид созем, ки фарзандони нохалаф ҳатман рӯзе сазои амали худро хоҳанд дид.

Кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳони муосир барои ҳар як қишри ҷомеаи мо дарси ибрату андеша аст, то шукргузори сулҳу субот ва осудагӣ бошем.

Бузурге гуфтааст:

Шукр гӯӣ, неъматат афзун кунад,

В-ар нагӯӣ, аз кафат берун кунад.

Ин гуфтаи бузргворро мебояд ҳамеша дар мадди назар қарор дода, баҳри ҳифзи сулҳу субот ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Аз тарафи дигар ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, то бидонад, ки ҳеҷ гоҳ бегонагон ва хориҷиҳо барои мо Ватан обод намекунанд. Мо танҳо бо азму иродаи худ кишвари худамонро обод намуда, ба ҳадафҳои худ мерасем.

Бешак, таҷриба нишон медиҳад, ки шахси беватан аслан бепушту паноҳ аст. Зеро ватан модар буда, инсон инсон буданашро танҳо дар озодӣ, соҳибихтиёрӣ эҳсос менамояд. Ҳодисаҳои таърихӣ, гуфтаҳои қаҳрамонон ва бузургони миллат бар он аст, ки инсон ва ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки бо Ватани худ ифтихор карда, барои ҳифзи он омода бошад, ва дар ин роҳ агар лозим бошад, ҷонашро фидо намояд.

Аз мутолиаи осори гузаштагон ба мо маълум мегардад, ки бузургони миллати мо ҳамеша ба ватну миллати худ ифтихор мекарданд ва ҳеҷ вақт ватану миллати худро дар назди дигар бегонагон паст назада, бо фарҳангу тамаддуни ғании худ сарбаланд буданд. Инсон дар кишварҳои бегона ҳамеша худро ғариб ва бесоҳиб ҳисобида, саъю талош меварзанд, ҳамеша дар ватани худ бошад. Имрӯз боиси таассуф аст, ки иддае аз ҳаммиллатони мо дар кишварҳои хориҷӣ ба миллату ватани худ бад мегӯянд ва ҷониби он санги маломат мезананд.

Ин амал амали маҳз шахсони хиёнаткору манфиатҷӯ буда, барои расидан ба манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ ба ҳама гуна амал даст мезананд. Барои ҳар як фарди ҷомеа зарур аст, ки фикру андешаҳои душманони ватанро дониста, барои ба мақсад нарасидани душман саъю талош варзанд. Инсони бонангу номус ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ ба ватану миллати худ хиёнат намекунад.

Барои мо маълум аст, ки суханҳо, амалҳо, нақшаҳо ва мақсадҳои роҳбарони ТЭТ ҲНИ нишон медиҳад, ки гурӯҳи мазкур душмани инсоният буда, ҳатто барои падару модари худ, бародару хоҳари худ раҳам наменамоянд. Аз ин ҷиҳат зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ҳамеша зарур ва дар мадди аввал аст. Танҳо бо василаи ваҳдат, сулҳ, ҳамдилӣ ва якпорчагӣ метавонем ҳастии худро ҳифз намуда, таърихи гузаштагонро зинда карда, ояндаи дурахшон барои насли наврас омода созем.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

сармутахассиси Кумита

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More