Home Articles КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИ ИСЛОҲНАШАВАНДА

КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИ ИСЛОҲНАШАВАНДА

КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИ ИСЛОҲНАШАВАНДА
2018-12-17
2709

Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза падидаҳои номатлубе  пайдо шудаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатардор мебошанд. Яке аз ин падидаҳо гурӯҳҳои терористии  ДИИШ, Ҳизбуллоҳ, Ихвонулмуслимин, ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ мебошанд.  Чанде пеш дар Ҷумҳурии Арабии Миср Конфронси ҷаҳони уламои мусулмон доир гардид, ки дар он ҳамаи муфтиён ва уламои мусулмони кишварҳои мусулмонӣ ТЭТҲНИ-ташкилоти террористӣ эътироф карда, сармоягузорони онро душмани башарият хонданд.

Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд.

Бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд.  Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ  Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.

Ҳоло ТЭТ ҲНИ ягона роҳи зинда мондани худро дар фитнаву ғавғо медонад ва аз ин рӯ, роҳбарони он ҳатто зану кӯдаконашонро ҳам ҷалб карда, ҷо-ҷо садо мебароранд. Рӯзи 10-уми декабр дар Олмон, назди сафорати Тоҷикистон чанд тан террорист ҷамъ шуданду бори дигар хиёнати худро изҳор карданд. Аз симои аслии ин гурӯҳи ифротӣ ҳамаи мардум огоҳ гаштанд ва ҳеҷ кас дигар ба ин гурӯҳи терористӣ бовар надоранд. Дар ин гурӯҳ як мушт қотил, хоин ва ватанфурӯш фаъолият мекунанд, ки ҳама кори худро тибқи нишондоди хоҷагони хориҷиашон иҷро мекунанд.  

Бурҳониддин Аминов,

мутахассиси Кумита  

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More