Home Articles Инсони қалбу нияти покдошта ба ҳама кор муваффақ мегардад, акси он бошад, сарнагун мешавад.

Инсони қалбу нияти покдошта ба ҳама кор муваффақ мегардад, акси он бошад, сарнагун мешавад.

Инсони қалбу нияти покдошта ба ҳама кор муваффақ мегардад, акси он бошад, сарнагун мешавад.
2018-12-21
2409

Шукрона аз сулҳу субот, рўзгори орому осоишта ва дастовардҳои бешумори даврони истиқлолият бояд кард. Аз қадимул айём душманону хоинони ҳар давру замон ба кори худ муваффақ нагардиданд ва иншоаллоҳ муваффақ ҳам намешаванд. Яке аз душманону хоинони миллати тоҷик ин ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ ва ҳамроҳонаш мебошад, ки ба хоҷагони хориҷии худ фурўхта шуда, мехоҳанд ба сари миллати тоҷик урфу одат, фарҳанг ва мазҳабу равияҳои ба мо бегонаро ҷорӣ намоянд. Агар Худо мехост, ки онҳо пирўз шаванд, дар ҳамон солҳои бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ ба сари қудрат меомаданд. Аммо ният, ки нопок буд, ба дилу дидаи халқ ҷой гирифта натавонистанд, маҳорату истеъдоди давлатдориро надоштанд, мардум дастгирӣ накард, 27 соли умри худро бо нокомӣ гузарониданд. Бе фаъолияти ин ҳизби Исломӣ ҳаёту рўзгори мардум ва эътиқоди динии онҳо мувофиқи матлаб гузашта истодааст.

Солҳои аввали истиқлолият мардум аз китобҳои динии тоҷикӣ бархурдор набуданд ва аз ихлосу эътиқоди динии аҷдодии мардум истифода карда, ба худ ҷалб намуданд ва мардумро ба ду гурўҳ тақсим карданд ва ба сари миллати тоҷик мусибату бадбахтиҳоро оварданд. Хушбахтона, бо роҳбарии Пешвои миллат сулҳу ваҳдат барқарор гардид.

Имрўз мардум аз китоби муқаддаси Қуръон сар карда то садҳо аз китобҳои динӣ бархўрдор ҳастанд. Некро аз бад, фаровониро аз гуруснагӣ, тинҷию оромиро аз ҷангу ҷидол ва дўстро аз душман фарқ мекунанд. Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гулистони ҳақиқӣ табдил гардида истодааст. Обрўю нуфузи Пешвои миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хоссае дорад.

Сол аз сол симоҳои аслии роҳбарону ҳамроҳони ҲНИ аён гардида истодааст. Баромади Сатторов Айёмиддин “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва ҷаласаи Шўрои ҷаҳонии уламои дин, ки санаҳои 16-18 октябри соли равон дар Қоҳира баргузор гардида буд, бори дигар собит сохт, ки ҲНИ ташкилоти террористию экстремистӣ эълон гардида, маблағгузори онро душмани башарият хонд. Бо вуҷуди ин бо корбарӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ Кабирӣ ва ҳамроҳонаш мехоҳанд, сулҳу суботи кишвари моро халалдор созанд. Акнун имрўзҳо дар хориҷи кишвар муҳоҷирони тоҷикро ба иғвоангезӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ман боварӣ дорам, ки инсони боақлу хирад ва дурандеш ҳеҷ гоҳ фирефтаи душман намешавад. Мардум имрўз ҳақиқатро бо чашми худ дида истодаанд.

Кушодашавии сарҳадҳои Тоҷикистону Ўзбекистон, ташрифи қариб 1 млн нафар сайёҳон ба диёри биҳиштосоямон, иншооти калонтарин дар Осиёи миёна бунёди НБО-и “Роғун” ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе ва ҳазорҳо дастоварду пешравиҳо тасдиқи ин гуфтаҳост. Бинобар ин моро зарур аст, ки баҳри пешрафту тараққиёти давлатамон камари ҳиммат баста барои ободии он ҳиссаи худро гузорем. Зеро, ки Худованд накўкоронро дўст медорад.

Ҷавонони саодатманди диёр!

Ба ҳар гуна ақидаҳои фитнаангез ва ба суханони шахсони манфиатҷўю дасисабоз дода нашавед.

Дар охир таманнои онро дорам, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо доимо тинҷу орому обод, сулҳу ваҳдату Истиқлолият то абад пойдор бошад ва Худованд аз буғзу адовату кинаю ҳасади душманони миллат нигоҳ дорад.

Имомхатиби масҷиди ҷомеи

“Бобо Хоҷа”-и шаҳри Хуҷанд:                     

       Саидикромов С.

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More