Home Articles Решаи миллат мустаҳкам астРешаи миллат мустаҳкам аст

Решаи миллат мустаҳкам астРешаи миллат мустаҳкам аст

Решаи миллат мустаҳкам астРешаи миллат мустаҳкам аст
2018-12-21
2569

Инсони ғарқшудаистода бо тамоми қувваи худ ҳар чиро, ки ба даст ояд медорад то худро наҷот дода бошад ва имрӯзҳо аҳволи ТЭТ ҲНИ низ чунин аст ва аз ҳар як имконияту фурсат ва аз ҳар фитнаву иғво ва дасисаҳои гуногун истифода мебарад, даст ба ҳар кор мезанад ва даҳони худро ба гуфтани ҳар намуд сухан мекушояд ва мақсаду ҳадаф як чиз аст, ин ҳам бошад будан асту боқӣ мондан ва зиндагиро пеш бурданва ин бо истифодаи ҳар роҳу восита ба чашми халқ хок пошидану истифода аз мардуми ноогоҳ ба фоидаи худ ҳал карданивазъият аст. Барои исботи ин суханҳо сарро бардошта бо ду чашми сар мебинем, ки Кабирӣ бо наҳзатиҳои худ даст ба тазоҳурот зада боз ҳам мехоҳанд садо баланд кунанд ва дар атрофи худ мардуми ноогаҳро ҷамъ кунад ва бо ин роҳ боз ҳам мехоҳад зарбае дар оромии кишвар зада бошад, вале миллат имрӯз дӯсту душманашро шинохта ва бо боварии комил метавонем гуфт, ки дигар аз қафои чунин нафарон намеравад ва барои ин миллати бофарҳанг дарси ибрат шудааст, ки оқибати митингу митингбозӣ ба чӣ меоварад, зеро дар ҷисму ҷони худ оқибати бади онро чашидааст ва ин миллати сарҷамъро дигар бо дурӯғу суханҳои бофта фиреб дода намешавад ва ин миллат роҳу равиши зиндагии худро ёфта ва сарбаландона барои ободии Ватан ва тинҷиву оромии он ва барои ояндаи насли поки худ қадам мезанад ва дар баландиву пастиҳои роҳи зиндагӣ обутоб ёфта ба роҳи мумфаршу васеи он расидааст, ки имрӯз аз меваҳои боғи зиндагӣ, ки он фазои орому осуда аст, ҳаловат бурда истодааст.

Куҷост ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву худошиносӣ ва ватандӯстдорӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва оё бо митингу митингбозӣ наҳзатиҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамин тавр насли Имоми Аъзаму Имом Бухорӣ, Рӯдакиву Сино, Ҳофизу Саъдӣ, Баҳоваддини Нақшбанду Мотуридии Самарқандӣ, Абдураҳмони Ҷомиву Мавлоно Ҷалолиддин Балхиро муаррифӣ менамоянд? Замоне, ки решаи ин миллати тоҷдор аз ин бузургони олам сарчашма мегирад ва дар арсаи олами ҳастӣ бисёр фарзандони фарзонаи худро дар тамоми соҳаҳои илму фан ба дунё дода...

Тоқикони бурунмарзӣ, сокинони Аврупо ва он нафароне, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, алалхусус, ҷавонони миллат бояд бидонанд, ки душманони миллат дигар роҳи бозгашт ба ватанро надоранд ва онҳо медонанд, ки хоинони миллатанд ва хоинони мазҳабанд, ки охиратро ба баҳои ночиз ва ба пулу молӣ душманон иваз карда, санг ба миллату мазҳаб зада ва бо туф кардан ба намакдон ватанро тарк кардаанд ва имрӯз душманони миллат ҷавонони ноогаҳро бо ҳар роҳу восита мехоҳанд аз қафои худ ба зиндагии сарбаста баранд, ки оқибати он фақат пушаймонӣ аст ва ҳоло, ки фурсат ҳаст, муттаҳидиро пеша кард ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон дифоъ намуда зери Парчами Тоҷикистон бояд буд.

Ва ҳар як шахси солеҳу солим бояд бидонад, ки бузургони миллати мо бо муваффақиятҳои беназири илмиву ахлоқии худ дар арсаи ҷаҳонӣ тӯли садсолаҳо ба пешрафти маънавии башарият саҳми беназири худро гузоштаанд ва ҳар яки мо бояд номбардори гузаштагони миллати худ бошем.

 Ҳидоятов Н ва Аброров А

Ходимони дини н. Конибодом

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More