Home Articles Ғавғои ТЭТ ҲНИ танҳо барои манфиат аст

Ғавғои ТЭТ ҲНИ танҳо барои манфиат аст

Ғавғои ТЭТ ҲНИ танҳо барои манфиат аст
2018-12-26
2397

Кабирӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. Ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи Кабирӣ ва пайравонашро қотеона маҳкум намудаанд. Акнун фурсат фаро расид ва парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд ва мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткор шарм накарда, ҳамаро монанди худ гумон мекарданд яъне: хоину ватанфурўш ва мунофиқ, вале Худованд ба мардуми шарифи тоҷикистон  ақлу заковат ва фаҳму дарк  ато намуд, то ашхоси муғризро аз ашхоси мухлис фарқ намоянд. Ин хиёнаткорони ватанфурӯш, аз ҷумла Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз  дасти фарзандони нохалафе мисли ӯ ва ҳаммаслакони ӯ ба вуҷуд омада буд. Танҳо мақсади Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, рехтани хуни мусулмонон ва ба нестӣ бурда расонидани дину мазҳабу миллат мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Кабирӣ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода,  вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Кирдори Кабириву пайравонашро дар байтҳои зерини шоир метавон дарёфт:

 Ба саг нон додаму саг моилам шуд,

 Нигаҳбони тамоми манзилам шуд.

Бубин фарқияти инсону ҳайвон,

 Ба инсон некӣ  кардам қотилам шуд.

Ҳ. Маҳмадхоҷаев,

устоди ДИТ

Pray time in Dushanbe

10.05.2025

More
Fajr03:39
Zuhr12:40
Asr17:38
Maghrib19:37
Isha21:07
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More