Home Articles ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ -БАЁНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ -БАЁНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР

ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ -БАЁНГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ КИШВАР
2018-12-28
2317

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоли мо рӯйдоди бисёр муҳим ба шумор меравад. Таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли сипаришаванда ва тарҳрезии иқдомҳои созанда, ки  барои таъмини рушди босуботи кишварамон дар солҳои минбаъда заминаи боэътимод мегузоранд, аз ҳадафҳои неки Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.

Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ роҷеъ ба хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза изҳори нигаронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки:

 «Вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд». Дар ҳақиқат имрӯз бисёре аз давлатҳои оламро хавфу хатарҳои ифротгароӣ таҳдид менамоянд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ низ истисно нест.

Интиқол ва таҷаммуи ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро дар кишвари ҳамҷавор Афғонистон, водор месозад, ки  дар чунин шароит ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Қувваю тавоноии мардуми Тоҷикистон низ аз тифоқӣ, ҳамдилию ҳамраъйӣ ва  муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат, ки кафили ҳаёти боамну суботи мо мебошанд, иборат аст.

Пӯшида нест, ки солҳои охир ҷалбсозии ҷавонон ба ҳаракату ҷараёнҳои тундгаро зиёд ба назар мерасад ва ин боиси нигаронии давлат ва аҳли ҷомеа гардидааст. Иддае аз ҷавонони мо бинобар ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифату фаҳмиши динӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи баъзе нафарони тавтеаталаб ва дасисакор шуда, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Шарқи Наздик иштирок карда, ба қавле гӯё дар роҳи ислом «хизмат» менамуда бошанд. Пешвои муаззами миллат зимнан дар Паёми солонаашон ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонони ноогоҳу гумроҳ аз ҳар гуна ҷараёнҳои иртиҷоӣ мақомоти дахлдори кишварро вазифадор сохтанд, ки:

 «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Яке аз воситаҳои асосии иттилоотие, ки ҷавонони имрӯза ҳаёти худро бе он тасаввур карда наметавонанд, шабакаҳои интернетӣ мебошанд, фарогири иттилооти гуногуни ба ҳам зид дар сомонаҳои мухталиф ҳастанд. Мусаллам аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бисёре аз мардуми кишварҳои мусулмоннишин ба дин бештар рӯ оварданд ва ҳамзамон иқдомҳои ҳокимияти давлатӣ низ дар самти баланд бардоштани маърифати динии аҳолӣ низ равнақ ёфта буд ва то имрӯз идома дорад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ дар даврони сохибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муайян андешида шудаанд. Таҳия ва тарҷумаи китоби «Қуръони карим», таъсиси муассисаҳои давлатии «Дониш­кадаи исломии Тоҷикистон», «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли бузург­дошти Имоми Аъзам» эълон гардидани соли 2009 ва дигар иқдомҳои суратгирифта дар ин ҷода далели рав­шани таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон ба масъалаҳои дин ва эътиқоди динӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар Паёми солона ба он таваҷҷуҳ карда шуд, баланд бардоштани нақши бонувон ва ҳамзамон риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб мешавад. Сарвари давлат қайд намуданд, ки:

 «Аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».

Дар воқеъ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум имрӯз яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзгори мардум то андозае ба эътидол оварда шуд. Қонуни зикршуда ба ниёзҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ҷавобгӯй будани худро собит сохта, барои хеле сабук гардидани зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуд. Аз ин рӯ, риояи ҳатмӣ ва қатъии қонун, дар амал татбиқ намудани тамоми муқаррароти он вазифаи  шаҳрвандии  ҳар фардест, ки миллату ватани худро дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи он мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба музаффарияту дастовардҳои зиёде ноил гардид, ки мавқеъ ва манзалати онро дар миқёси байналмилалӣ устувор ва мустаҳкам намуд. Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии  озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати куҳанбунёди тоҷик буд. Дар даврони истиқлолият рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлати мо  вусъат ёфт. Барои мо тоҷикон бахти баланд аст, ки мо соҳиби давлати миллӣ гардидем ва бо роҳи бунёд кардани низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем. Мардуми шарафманди тоҷик ин неъмати бебаҳоро қадр намуда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ояндаи  боз ҳам равшантару беғубор рӯ овард. Муроҷиате, ки Пешвои муаззами миллат дар интиҳои Паёми солонаашон ироа намуданд, барои мардум ва ҳар як фарди масъулиятшинос ва соҳибватан як роҳнамо ва баёнгари эътимоди устувор ба фардои дурахшони кишвари азизамон аст, бояд ба шиори ҳаррӯзаи мо табдил ёбад:

 «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Олимзода Фаррухулло,

муовини Раиси Кумитаи дин,

 танзими анъана ва ҷашну маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More