Иқдоми наҷиб ба хотири рушди деҳоту бахши сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар радифи мушаххас намудани муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инчунин як силсила масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоии мардумро мавриди муҳокима ва таҳлили амиқ қарор доданд. Албатта хеле хушоянд буд, ки соли гузашта аз ҷониби Пешвои миллати мо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат боис шуд, ки кишвари мо дар арсаи байналмилал ба таври шоиста муаррифӣ шавад, имкониятҳои сайёҳии худро ба ҷаҳониён нишон диҳад ва дар роҳи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадами ҷиддӣ гузорад. Ин буд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ ба ин масъалаи муҳим, яъне рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосс зоҳир намуданд. Ба таъкиди Пешвои миллат рушди минбаъдаи сайёҳии кишвари кӯҳии мо ба рушди зерсохторҳо дар деҳоти кишвар алоқамандии бевосита дорад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат ба хотири вусъат бахшидан ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои мазкур пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд:
"Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.
Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд”.
Воқеан, ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат метавонад дар баробари рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё, ҳифз ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар самти беҳбуди вазъи зиндагии аҳолии деҳоти кишвар нақши муассир дошта бошад. Зеро Пешвои миллати мо дар Паёми худ ҳадафҳои мушаххаси ин ташаббусро ин тавр шаҳр доданд:
“Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад”.
Абдуғаффор Юсуфов,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин