Home Articles Шукри тинҷию амонӣ

Шукри тинҷию амонӣ

Шукри тинҷию амонӣ
2019-01-04
2228

     Биё то қадри якдигар бидонем,

     Ки мо ногаҳ зи якдигар намонем.

     Фусуни «Қул аузу қулҳуваллоҳ»,

     Чаро дар ишқи якдигар нахонем?

     Ғаразҳо тира дорад дўстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?  

(Мавлоно)

 

Бузургтарин неъмати Худованди мутаъол бар бандагон зиндагӣ кардан бо дўстон дар ватани амну амон буда, пайдо кардани ризқу рўзӣ дар ватани худ аз нишонаҳои некбахтист. Аз ҳазрати Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Саломатӣ ва осоишу амният ду неъмати бузурге ҳастанд, ки бештарини мардум қадри онро намедонанд ва шукри онро намекунанд». (Тирмизӣ ва Бухорӣ)

Мо мардуми Тоҷикистон бояд шукр кунем, ки ватанамон тинҷу ором мебошад. Ҳар кас ба ҳар касбу ҳунаре, ки хоҳиш дорад, кор мекунад ва шабу рўз ба ҳар куҷое, ки хоҳад, сафар мекунад, ҳеҷ кас ўро таҳдид намекунад ва онҳое, ки ба сафари хизматӣ ба хориҷи кишвар мераванд, аз зану фарзанд ва аҳлу аёлашон ҳеҷ нигароние надоранд. Ин як нишонаи суботу устувории давлату амният мебошад. Натиҷаи заҳматҳо ва талоши Пешвои миллатаст, ки имрўз Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

   Талошу кўшишҳои Пешвои миллатамон барои тинҷию оромӣ ва дўстию рафоқат дар байни мардуми Тоҷикистон самараи нек оварда, ҳатто ба давлатҳои ба мо дўсту ҳамсоя ва ҳаммазҳаб низ бетаъсир намондааст.

     Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Беҳтарин амалҳо баъди ба ҷо овардани фароиз даровардани шодӣ бар дили муъмин мебошад».

       Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

       Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. (Ҳофиз)

Густариши робитаҳои дўстона байни мардуми тоҷику ўзбек дар соли 2018 дили чил миллион мардуми ин ду кишварро хушнуд сохт. Аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои мардуми тоҷик яке истиқлолияти кишвар, дуюм ваҳдати миллӣ, сеюм ба кор шуруъ кардани Неругоҳи барқи обии Роғун дар таърихи 16 ноябри соли 2018 мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат гузошт. «Мушк он аст, ки худ бибўяд, на он, ки аттор бигўяд». Ин ҳама аз ниятҳои пок, ҳиммати баланд ва талошҳои пай дар паи Пешвои миллат мебошад. Аз ҳазрати Алӣ ривоят шудааст, ки Пайғамбари бузурги Ислом (с) фармудаанд: «Хубиро аз умматони бораҳми ман талаб кунед ва дар гирди онҳо зиндагӣ кунед. Аз мардуми сиёҳдил ва бераҳм хубӣ наҷўед, зеро ба эшон лаънати Худо нозил мешавад. Эй Алӣ, Худо хубиро офарид, барои хубӣ одамони аҳлро халқ кард. Чунончи хубиро барояшон маҳбуб гардонид, амалҳои хубро ҳамчунон маҳбуб сохт. Толибони хубӣ ба он амал таваҷҷуҳ мекунанд, ҳамчунон ки об ба замини хушк таваҷҷуҳ мекунад. Чунон ки об замини хушкро зинда мекунад, ҳамчунон хубиҳо аҳлашонро зинда мекунанд. Онҳое, ки дар дунё ба корҳои нек маъруф ҳастанд дар охират низ маъруф ҳастанд». (Ривояти Ҳоким)

Бандаи муъмин бояд ҳамеша ба неъматҳои Худо шукр кунад ва қадри некии мардумро донад. Дар ҳадисе омадааст: «Ҳарки шукри мардум накунад, шукри Худоро накардааст» (Ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ). Аз хислатҳои нек ва сиёсати раҳмдилона ва адолатпарваронаи Пешвои миллат яке он аст, ки касоне, ки аз задухўрдҳои мусаллаҳонаи гурўҳҳои террористӣ-экстремистии давлатҳои ба ном исломии Сурия, Ироқ ва Афғонистон ё аз пайравони ҳизби ТЭТ ҲНИ пушаймон шуда, ихтиёрӣ даст кашанд ва баргашта ба Ватан баргарданд, мавриди авф қарор мегиранд ва ба ҳаёти осоишта умр ба сар мебаранд.

Аз Муъоз ибни Ҷабал (рз) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар султон ва ҳокимро итоат намоед ва дар пушти ҳар имом намоз гузоред, аз асҳоби ман касеро дашном надиҳед». (Ривояти Табарони) Мо мусулмонон бояд пойбанди дастурҳои Паёмбар (с) буда, ба онҳо амал намоем, итоат аз султонро барои худ лозим донем ва шукри ватани тинҷу ором кунем.

Мирзоолим Азимов,

сархатиби ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ,

узви Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More