Home Articles Ҳадафҳои нопоки ТЭТ ҲНИ дар Аврупо ҷомаи амал нахоҳад пушид

Ҳадафҳои нопоки ТЭТ ҲНИ дар Аврупо ҷомаи амал нахоҳад пушид

Ҳадафҳои  нопоки ТЭТ ҲНИ дар Аврупо ҷомаи амал нахоҳад пушид
2019-01-04
3149

Миллати куҳанбунёди тоҷик аз асрҳои қадим дар муқоиса бо дигар халқу миллатҳои мавҷуда бо имону ихлос, урфу одатҳои беҳтарин, одобу ахлоқ, фарҳанг, мазҳабу ибодатҳои зебояшон фарқ мекунанд. Бо гуфтаҳои боло мардуми мо ибрат аз рўзҳои гузашта гирифта, хеле мардуми шукргузор, тарафдори истиқлолият, тинҷию оромӣ ва сарҷамъии мардум таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Шукр аз он мекунем, ки Пешвои адолатпеша ва ғамхори халқ дорем. Имрўз миллати тоҷик дар рўи олам бо беҳтарин нобиғаҳо, олимон, шоирон ва фарзандони фарзонаи худ фахр мекунад. Ҳангоме ки сухан дар бораи миллат меравад, беихтиёр андеша сўи таърихи бузургони миллат, қаҳрамонони миллат ва ҷавонони бонангу номуси миллат давр мезанад. Аз корнамоиҳои давлати Сомониён, Садриддин Айнӣ ва Пешвои миллат соатҳо сухан кунем,ба охир расонида наметавонем.

Таърих гувоҳ аст, ки фарзандони фарзонаи миллат барои нигоҳ доштани миллат, урфу одат, фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ доштани обрўи миллат хизматҳои шоиста намудаанд. Аз хизматҳои фарзандони ин миллат буд, ки имрўз аксари давлатҳои дунё моро мешиносанд. Аз амнияти ин кишвар бовар ҳосил карда мехоҳанд, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим робитаҳо дошта бошанд. Имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки давлатро ба ин поя оварда расонидан хизматҳои ҷавонмардонаи сарвари кишвар Пешвои миллат аст. Андешаҳои оқилона ва одилонаи сарвари давлат Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ ба пешравиҳои назаррас шинохта шуд. Ин комёбиҳои  назаррас худ аз худ пайдо намешаванд. Имрўз сарҷамъ будан, ҳамфикр будан, расидан ба ҳадафҳои олӣ, зиндагии нек, ояндаи дурахшон соҳиб шудан ба ҳадафҳои назаррас фақат дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат будан аст.

Замоне ки давлат хавфи пошхўрданро дошт, ягон нафар аз баҳри ҷони худ гузашта роҳбариро ба уҳдаи худ нагирифт. Рўз то рўз мардум ноумед шудан гирифтанд, Худованд ба ин ноумедии миллат даво бахшида Роҳбари ҷасур оқилу доноро эҳдо намуд. Ноумедиҳо аз байн рафт, ба рўи мардум нури дубора бахшид. Дар чунин ҳолатҳои вазнин чаро ТЭТ ҲНИ ягон андешаҳо накард, то ки мардумро наҷот диҳад. ТЭТ ҲНИ борҳо хиёнатҳои худро ошкору ниҳон карданд, бо вуҷуди ин Сарвари давлат онҳоро бахшид. Ин ташкилоти бо номи Ислом нуфуз бароварда ақаллан номи Исломро пос надошт. Ҳама амалҳое, ки Ислом аз онҳо дуриро мехоҳад, онҳо анҷом доданд. Исломи ҳақиқиро хостанд, ки ба исломи сохтаи худ табдил дода, мардумро гумроҳ созанд. Боз имрўзҳо дар хориҷи кишвар истода ба ватани азизи мо санг зада истодаанд ва мехоҳанд, ки боз дубора ба диёри азизи мо нотинҷиро ба бор оваранд. Хушбахтона имрўз фарҳанги миллӣ, динӣ ва дунявии мардум боло рафта истодааст ва мо имони комил дорем, ки мардуми фарҳангдўсту диндор ва тарафдори сулҳу оромӣ, дигар ба фиреби шуми онҳо намеафтанд ва барои ободию сарҷамъии ин миллат саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд.

     Сархатиби н.  Ҷ. Расулов

      А. Ҳоҷиев

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More