«Шермардони тоҷик» не!, «номардони ...!»
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук таблиғи густурдаи чанд наҳзатие, ки худро “шермардони тоҷик” менамоманд, ба назар мерасад. Аз пирони кор фаҳмида будам, ки «ШЕРМАРД» инсоне ҳаст, ки дар хислату ў ҷавонмардӣ, некўӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва чандин амалҳои шоистаеро дидан мумкин аст, ки бо ин хислатҳояш метавонад мардумро аз хатару даҳшатҳое, ки Худо накунаду аз берун ворид гардад, ҳимоя намояд. Аммо ин «шермардони тоҷик»-и дар вақти дар ватан будан зиёнрасону баъд берун аз ватан халалрасон шарм накарда боз худро чунин номгузорӣ карданд. Вақте бо як гурўҳи дӯстон оид ба ин масъала гуфтугў доштам, онҳо низ бар ин назар буданд, ки ҳамин «шермардони тоҷик» тӯли 30 сол ба Тоҷикистон ғайри бадбахтиву нокомӣ чӣ оварданд? Суол гузоштанд, ки оё ягон майдончаи варзишї ё ягон мактаби худашонро, ҳеҷ набошад ягон масҷид обод кардаанд? Агар ин махлуқон дар ҳақиқат «шермардони тоҷик» мебуданд, омада рӯирост ба мо ҳамроҳи мардум гуфтугӯ мекарданд, кор ранги дигар мегирифт. Дӯстони ман бар ин назар буданд, ки дигар тазоҳуроту митингу дассисабозиҳои ин «шермардон» намегузарад. Халқи тоҷик дигарбора ба ин намуди “шермардон” бовару эътиқод нахоҳад дошт. Барои худ қавл додам, ки ҳатман суханони самимонаи гурӯҳи дӯстонамро расонаӣ кунам, шояд баъди мутолиа ин гурӯҳи палид худро дигар «шермардони тоҷик» ном набаранд. Чунки ин носипосҳо ҳуқуқи ин калимаро бар забон овардан надоранд.
Гулнора Баҳромова