Home Articles Ҳадафҳои душманона ва хиёнатҳои авфнопазир

Ҳадафҳои душманона ва хиёнатҳои авфнопазир

Ҳадафҳои душманона ва хиёнатҳои авфнопазир
2019-01-21
3675

Вақтҳои охир роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода паиҳам ва бо ҳар роҳу восита ва бо истифода аз гумроҳиву хушбоварии бархе пайравонаш мудом баромадҳо карда, дар ҳаққи Тоҷикистон ва мардуми шарифи он борони туҳмату иғво паҳн мекунад. Мардум кайҳо боз огоҳӣ пайдо кардаанд, ки масалан, ин ҳизби террористии манъшуда бо чандин созмонҳои байналмилалии ифротӣ, аз ҷумла бо “Ихвонулмуслимин” ва ДОИШ, инчунин хадамоти таблиғгари кишвари ба мо “дӯст” дар сарзаминҳои дигари суннимазҳаб алоқаву ҳамкориҳо дошта, мудом дар пайи ангехтани фитнаву муноқиша буда, кӯшиши дар ҷомеаи байналхалқӣ, махсусан дар Аврупо худро бегуноҳ таъқибшуда нишон додан мехоҳад. Бо ин мақсади пурғараз ҳатто шарм надошта, дар муроҷиатномаи махсус мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави масеҳӣ табрик ҳам карданд, ҳол он ки чанд сол қабл рӯирост истиқболи ин маросими тақвимиро наҳзатиён ҳаром эълом дошта буданд. Ин ки намояндагони ин ҳизби ифротӣ бо ифротитарин созмонҳои давлатҳои дигар равобити мустаҳкам доранд, дигар  ҳоҷати сухан ҳам нест.

Бояд таъкид кард, ки аз замони таъсисаш то зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъдан иштироки фаъоли аъзои он дар табаддулоти соли 2015, инчунин воқеаҳои хатарбори даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҳалокати сайёҳони хориҷӣ як марҳилаи томи воқеияти таърихии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин марҳила кам не, аз солҳои 70-уми асри гузашта то кунун аз 40 сол бештар аст. Аз ибтидо яқин буд, ки ин ҳизби бегона аз ҷиҳати эътиқод наметавонад бо усулҳои давлати дунявии миллӣ созгор бошад.  Тавассути ба як гур ӯҳи сиёсӣ ҷалб намудани мардум аз р ӯи аломату нишонаҳои эътиқоди динӣ худ аз худ ба ҷудо намудани мардум ба худиву бегона бурда мерасонад ва самарааш ба ҷуз ихтилоф ва зиддияту муноқиша чизи дигаре нест. Ҳаёт исбот кард, ки вуҷуди ТЭТ ҲНИ худ манбаи пайдоиши низоъ ва ихтилоф дар ҷомеа будааст.  

ТЭТ ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳан ӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавз ӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба кишвари сирф динии бегона ба миллат  дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсади онҳоро боз кард. Охирин шанси наҳзатиён табаддулоти соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода бо тахаллуси Ҳоҷӣ Ҳалим буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ нагардид.

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро, гур ӯҳҳои бадхоҳ ва иғвоангези «Гур ӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Афсӯс, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Кӯшиши наҳзатиён оид ба таъсис додани як ҷунбиши нав, ҳатто бо аз байн бурдани калимоте, чун «наҳзат» ва «ислом» низ натиҷае ба бор наовард.

Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар кишвари ба мо «дӯст» ва ҷонибдорӣ шудани  ӯ аз ҷониби мансабдорони калони ин кишвар, бархилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин бо ғаразҳо ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад.

Дар фош шудани сирри тахрибкориҳои ТЭТ ҲНИ ду филми мустанади телевизионӣ – яке «Решаҳои ноаён» ва дигаре «Бозгашт аз ҷаҳаннам» нақши муҳим дошт. Дар филми аввалӣ Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар солҳои пурош ӯби майдоншиниҳо ва оғози ҷанг ҳамчун «генерали мардумӣ» шуҳрат дошт, ошкоро изҳор намуд, ки ҳадафи аслии наҳзатиён тавассути бори дигар ташкил намудани ҷангу мухолифат ба даст овардани ҳокимият будааст. Далелҳои  ӯ оид ба нақши бориз доштани кишвари ба мо «дӯст» ва хадамоти ҷосусии он дар тарғиби ғояҳои зараровару ихтилофангез миёни мардуми Тоҷикистон, ташкил намудани гур ӯҳҳои махсуси вайронкор дар пойгоҳҳои низомии кишвари ба мо «дӯст» барои табаддулот, бо маблағҳои ҳангуфти ин кишвар фаъолият кардани наҳзатиён дар хориҷи мамлакат, миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия фаъолият кардани мубаллиғони наҳзатӣ оид ба ҷалб намудани ҷавонони гумроҳ ба сафи исёнкорон далелҳое ҳастанд, ки аз ҷиддӣ будани вазъият гувоҳӣ медиҳанд. Мувофиқи гуфтаҳои  ӯ, роҳбарони ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ то ҳоло дар сар  фикри  бозгашт ба ҳокимиятро доранд. Маълум мегардад, ки пуштибонҳои террористон аз кишвари ба мо «дӯст» то ҳоло аз нақшаҳои пасипардагии худ даст накашидаанд.

Дар изҳороти хеле муфассали Айёмиддин Сатторов маълум шуд, ки стратегияи наҳзатиён мувофиқ ба вазъи ҷорӣ хеле тағйир кардааст. Аз нақли муфассали  ӯ маълум шуд, ки на танҳо солҳои пеш, балки имр ӯзҳо низ чанде аз масъулини ин ҳизби тахрибкор худро барои ҷомеаи ғарбӣ одамони бегуноҳ ва ҷабру озордида нишон дода, чӣ гуна барои вайрон намудани вазъи осудаи Тоҷикистон, аз нав ба вуҷуд овардани харобкориҳо ҷаҳду талош мекардаанд. Онҳо дар симои кишвари ба мо «дӯст» такягоҳи худро ёфта, имону виҷдон ва ҳамагуна арзишҳои миллиашонро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагонашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.

Суоле пеш меояд, ки то ба кай Кабириву чанд пайрави гумроҳаш бо паёму баромадҳои ғаразноку фитнаангезаш мардуми Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ба мо дӯстро гӯл мезада бошад? Ҳар коре, ки накунанд, дигар фоидае нахоҳад дошт, чунки мардуми тоҷик ва онҳое, ки бо мо равобити дӯстӣ доранд, аллакай аз нақшаҳои ҳиллагаронаву маккоронаи Кабирӣ огоҳии комил доранд. Ягон хел фитнаву найранг дигар нақше нахоҳад дошт. Мардум мақоле дорад, ки оби рехтаро ҷамъ кардан имкон надорад. ТЭТ ҲНИ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи сиёҳро мемонад, ин саҳифаи таърих ҳамин тавр сиёҳ мондан мегирад. Аммо зиндагӣ давом дорад, наслҳо иваз мешаванд ва ҳама гуна кору рафтор бо номи худаш мемонад. Хиёнат ислоҳ надорад, мардум инро хуб медонад.  

Маҳмуд Сангалиев,

Сармутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More