Home Articles Босмачиро таърих намебахшад!

Босмачиро таърих намебахшад!

Босмачиро таърих намебахшад!
2019-01-24
2333

Таърих аҷиб гардише дорад, бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд. Калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ" қариб фаромӯш шуда буд, аммо дар  ин айём раиси ТЭТ -Ҳизби хиёнаткори Наҳзат ва косалеси он Саидюнуси Истаравшанӣ он босмачиҳое, ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ, таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда, дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ шинохта шуда буданд, ҳимоя мекунанд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ дар баёни фикри худ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег, Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро “муҷоҳид” эълон намуда, бори дигар ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ кард.

Ин хоини фирорӣ аз калимаҳои “ҷиҳод”, “муҷоҳид”, “мубориз” ва “шаҳид” лаззат мебарад, зеро ин калимаҳо, саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори Наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад, мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.

Ҳизби хиёнаткори Наҳзат солҳои навадуми асри гузашта “ҷиҳод” эълон карда, хуни мардумро рехт ва дар майдони “Шаҳидон” чунин эълон намуд: "Куштӣ, ғозӣ мешавӣ, кушта шавӣ, шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат меравӣ" ва имрӯз бошад, аз тариқи шабакаҳои интернетӣ, саркардагони ин ҷараёни тундгаро ҳамон фатвои беаслро пеш оварда, босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид, мубориз ва шаҳид эълон намуданд.

Зеро онҳо аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ ки хиёнаткор ҳастанд, хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд, халқи одӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққате дидаст, онро намегӯянд ва даъвои “қаҳрамонӣ”-и Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шерматро доранд.

Ҳақиқати ҳолро бошад, қаҳрамони Тоҷикистон, фахри миллати тоҷик устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд: "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору яғмогару хунхоранд". Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ аз қурбошӣ  ва босмачиҳо фарқе надоранд, миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.

 

 Мусозода Ҳоҷӣ Ҳусайн,

Муовини Раиси Шўрои уламо

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More