Home Articles Мизи мудаввар таҳти унвони “Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Мизи мудаввар таҳти унвони “Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Мизи мудаввар таҳти унвони “Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
2019-01-24
2280

Рӯзи23-уми январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Омӯзиши масъалаҳои ҷудошавӣ (вайроншавӣ)-и оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. 

Дар кори мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш,муовинони раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, дин танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, вазоратҳои меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, корҳои дохилӣ, Прокуратура, Агентии омор, Шӯрои уламо ва ходимони дин ва доираи васеи ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни иштирок дар ин мизи мудаввар дар мавзўи «Адами ахлоқу дониш - ду сабаби асосии пошхўрии оилаҳои ҷавон» суханронӣ намуда, омилҳои асосии пошхўриии оилаҳоро дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Мавсуф зимни суханронии худ қайд карданд, ки аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро дуруст намояд. Бинобар ин натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.

Дар кори мизи мудаввар масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, роҳҳои пешгирӣ аз ҷониби масъулини соҳа муайян карда шуданд.

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More