Home Articles Тоҷикистон ҷонибдори аз ҷангу низоъҳо озод будани ҷаҳон аст

Тоҷикистон ҷонибдори аз ҷангу низоъҳо озод будани ҷаҳон аст

Тоҷикистон ҷонибдори аз ҷангу низоъҳо озод будани ҷаҳон аст
2019-01-24
2747

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аст, имсол низ дар шароите ироа гардид, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ аз байн нарафтаанд.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат бо назардошти густариши зуҳуроти хатарноки ҷомеа, ба монанди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим арзёбӣ намуданд: “Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд”. 
Бояд гуфт, ки нисбат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Президенти мамлакат на танҳо дар паёмҳои худ, балки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои муборизаи муштарак бо ин зуҳурот даъват намудаанд. Гузашта аз ин, Пешвои миллат фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо терроризм ва экстремизм дар сатҳи барномаҳои давлат ёдовар шуда, ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҳар чи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016- 2020 – ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин амал баёнгари он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин таҳдидҳо ҳамеша чораҳои бетаъхир меандешанд. 
Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими пойгоҳи байналмилалии ҳуқуқӣ дар мубориза бо терроризм, муқаррар намудани муҷозот ба кишварҳои мусоидаткунандаи терроризм, мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси бо терроризм мусоидаткунандаро амри зарурӣ мешуморанд.
Дар Паём таъкид шуд, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб ёфта, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар зимн, иттилоъ дода шуд, ки “аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна  героин  мусодира карда шудааст, ки ин миқдор метавонист қариб 50 миллион нафарро ба бемории нашъамандӣ гирифтор намояд”.
Ин нукта ҳам ҷолиб буд, ки Сарвари давлат бори дигар ба ҷавҳари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуда, изҳор доштанд: “Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрӯз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад”.
Муслиҳиддин НУРЗОДА,
аспиранти ДМТ

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More