Home Articles Об, мо ва ҷаҳон

Об, мо ва ҷаҳон

Об, мо ва ҷаҳон
2019-01-24
2458

Об манбаи ободӣ, сарсабзӣ, тозагӣ, истеҳсолот ва мояи аксари кашфиёту ихтирооти кимиёиву механикист. Яке аз хусусияташ рӯшноибахш будани он аст.

Ҳанӯз дар замони шӯравӣ, ки НБО «Норак» - у «Дӯстии халқҳо» хонаҳои ҳазорон мардумро мунаввар кард ва дар замони соҳибистиқлолӣ агрегати аввалини НБО «Роғун» чархида, мушкилоти норасоии барқро аз миён бардошт. Адибони мо дар васфи қудрату тавоноии об асарҳо офариданд. Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод романи машҳури худ – «Об - рӯшноӣ» - ро навишта буд. 
Воқеан ҳам, дар шароити ҳам деҳаву ҳам шаҳр бояд ба қадри об бирасем. Барои бештар дарк намудани қадру манзалати об офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ ва наворҳои кӯтоҳмуддат низ саҳми арзанда доранд.
Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ин ва дигар норасоиҳои сайёраи Заминро ба инобат мегирад, пайгирӣ менамояд ва ҳамзамон, иқдомҳои созандае аз худ рӯи кор меорад. Ҳанӯз солҳои дуҳазорум об ва масъалаҳои марбут ба онро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар сатҳи ҷаҳон бардошта, мардуми сайёраро  ҳушдор дода буданд, ки бо гузашти айём масъалаи об бештару пештар мубрамият пайдо мекунад. Таҳлилу баррасиҳои коршиносон ва олимону мутахассисон нишон доданд, ки воқеан баҳру уқёнус, кӯлу дарёву пиряхҳо ва офатҳои табиие, ки аз об сар мезананд, муаммоҳои глобалианд.   
22 марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи нӯшиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар истифодаи оқилонаи об ва муҳофизати он ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳон эътироф шуд.
Сабина УСМОНОВА

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More