Home Articles Ҳашари дастаҷамъона як навъ баҳамоиву иттифоқист

Ҳашари дастаҷамъона як навъ баҳамоиву иттифоқист

Ҳашари дастаҷамъона як навъ баҳамоиву иттифоқист
2019-01-29
2408

Мусаллам аст, ки дар партави сиёсати фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробари татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба баргузории маросимҳои азодориву хурсандӣ, мардуми кишвар тавонистанд дар ин самт ба асли худ баргарданд. Яъне аллакай дар чаҳорчўбаи ақидаҳои диниву мазҳабиамон мувофиқ ба матлаби қонуни мазкур  ҳамагуна маъракаҳои мо камхарҷу хоксорона орӣ аз ҳаргуна хурофоту зиёдаравиҳо баргузор мешавад. Хубии ин иқдом боз дар онаст, ки дар ин замина сатҳи камбизоатии мардум паст гардид.

Қобили зикр аст, ки мардуми мо солҳои пеш бо мақсади анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ҳашарҳо ташкил мекарданд. Пирон бо эҳсоси фараҳмандӣ ёдовар мешаванд, ки рўзҳои ҳашар мисли ид буд. Дар маҳаллаҳо ба хотири озода намудани муҳити зиства тоза намудани ҷўю каналҳо, бахусус қабл аз омод - омади фасли баҳор, ҳашар ташкил мешуд. Дар ин рўз аз ҷониби масъулон ҳатман дастархон густурда мешуд, то коргарон бо нерумандӣ меҳнат намоянд. Албатта як ду рўз қабл аҳли маҳалла аз ташкили ҳашар хабардор мешуданду бо мақсади иштироки фаъолонаашон дар ин чорабинии оммавӣ корҳои шахсиашонро як тараф мегузоштанд. Хубии ҳашари умумӣ боз дар он буд, ки  пирони рўзгордида сари як пиёла чой бо суҳбатҳои самимиашон ҷавононро насиҳат намуда, бо эҳсоси хушҳолӣ барояшон маслиҳатҳои судманд медоданд. Ташкили чунин ҳашарҳо як навъ усули баҳамоиву иттифоқи мардум буда, дар умум ҳамагон аз ободкориву созандагиашон башорат медоданд.

Кишвари мо дар миёни дигар кишварҳо бо табиати зебояш фарқкунанда аст. Худованд неъматҳои бебаҳояшро бароямон арзонӣ доштааст. Бахусус табиати зебоманзарамон аз гиёҳу сабзаҳои дилкашу хусусияти шифоидошта иборат буда, обҳои софу зулоламон низ неъмати гаронбаҳоянд. Дар умум гуфта метавонем, ки Тоҷикистон воқеъан кишвари биҳиштосо буда, давлати соҳибистиқлоли мо аз ин ҳисоб тавваҷуҳи чандин миллату халқиятҳоро ба худ ҷалб намудааст. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат соли 2018-ум «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда, имсол низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.

Матлаб аз ин гуфтаҳо онаст, ки пеш аз ҳама ба хотири зиндагии шоистаи худ ва ободу шукуфон намудани ватани хеш, ки ин нишони имондориамон мебошад, моро лозим аст ба масъалаи ташкили ҳашарҳои умумӣ таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Баррасии ин мавзуъ боз аз он хотир аст, ки фасли зебои баҳор дар пеш моро интизор аст. Ин фасли эҳёи табиатро мо тавассути меҳнати софдилона метавонем  ҳусну таровати  зеботар бубахшем. Илова бар ин даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» идома дошта, дар ин муддат моро лозим аст бо пуштибонӣ аз иқдоми созандаи сарвари маҳбуби  хеш ташаббускор бошем. Пўшида нест, ки баъзе ҳолатҳо ҳаргуна ифлосиву партовҷо будани ҷўю каналҳо табъамонро хира месозад. Бехабар аз он ҳастем, ки ин ҳолат  аз нигоҳи ақидаҳои диниву мазҳабиамон низ қобили қабул нест, чунки Ислом дар асл ин тозагӣ аст. Муҳимтар аз ин, вақте ки  мо аз обҳои ифлос истеъмол менамоем, ҳаргуна бемориҳо хуруҷ намуда, вазъи солимии ҷомеъа халалдор мегардад. Бо назардошти анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ баҳри имрўзу ояндаи дурахшони ватани хеш, баҳри ҳифзи ақидаҳои диниву мазҳабиамон, ки талабгори тозаву озодагист ва ҷиҳати  устувор нигоҳ доштани солимии ҷомеъа моро лозим аст ин рўзҳоро ғанимат шуморем. Мунтазам ҳашарҳои умумиро ташкил намуда, муҳити зистамонро таровати тоза бубахшем. Инаст нишони имондориву ифтихори ватандорӣ.

Муовини раиси Шўрои уламои

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар вилояти Хатлон

 Усмоналӣ Нуров

Pray time in Dushanbe

04.05.2024

More
Fajr03:43
Zuhr12:40
Asr17:26
Maghrib19:31
Isha21:01
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More