Home Articles ҶАВОНОН БОЯД ҲАМЕША МОЯИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БОШАНД

ҶАВОНОН БОЯД ҲАМЕША МОЯИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БОШАНД

ҶАВОНОН БОЯД ҲАМЕША МОЯИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БОШАНД
2019-03-01
3221

Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ манзур мегардад ва дар он муҳимтарин масъалаҳои дохил ва хориҷи кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш зикр намуданд, марбут ба ҷавонон буд ва роҷеъ ба он  Пешвои миллат чунин ишора намуданд: «Мо ба ҷавонон эътиқоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

     Бинобар ин, ҷавонони кишварро низ зарур аст, то ба боварии Пешвои миллат сазовор бошанд, бештар ба китобхонаҳо рафта савияи дониши худро мукаммал созанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму дониш бошанд. Агар шахс соҳиби илму дониш бошад доим сарбаланду соҳиби касбу кор  аст ва ҳеҷ гоҳ муҳтоҷи касе намешавад. Ҷавонон инчунин бояд бештар ба варзиш машғул шаванд, худро обутоб диҳанд, чунки нафаре варзишгар аст, чӣ тавре мегӯянд, ӯро ба назди духтур рафтан ҳоҷат нест. Варзиш ин гарави саломатӣ аст ва солимии ҷомеа аз сиҳату солим будани ҳар фарди ӯ вобастагӣ дорад.

     Ояндаи диёри азизамон аз насли оянда-ҷавонон, вобастагии ногусастание дорад, аз ин лиҳоз,  барои эъмори ояндаи сазовору дурахшони кишвар, ҳар як ҷавон қабл аз ҳама бояд кӯшиш намоянд, то донандаи чандин забонҳо бошад. Дар мадди аввал албатта дар сатҳи зарурӣ донистан ва риоя намудани талаботи забони давлатӣ (тоҷикӣ)  меистад  ва баъдан азхуд намудани лоақал ду забони муҳими хориҷӣ- русӣ ва англисӣ ҳатмӣ ба шумор меравад. Қайд намудан бамаврид аст, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо барои омӯхтани забонҳо тамоми шароиту имкониятҳо муҳайё  аст, фақат дар татбиқи масъалаи зикршуда аз ҷавонон азми қавӣ ва хоҳишу зеҳни гиро муҳим аст. Ҳамасола ҷавонони зиёде макотиби олии кишварамонро бо ихтисоси «Омӯзгори забонҳои русӣ ва англисӣ» хатм мекунанд ва ҳар кадоми онҳо  ба манотики гуногуни кишвар барои кор ва фаъолият сафарбар мешаванд.  Яъне  масъалаи омӯзиши забонҳо ва таъмини мутахассисони соҳа дар ин бахш дар сартосари кишварамон ҳаллу фасли худро пайдо намудааст. Бе муҳобот зикр намудан бамаврид аст, ки ташаккул ёфтани як кишвари рушднамуда ва ҷамъияти пешрафтаву мутараққӣ ба дидгоҳи муосири ҷавонони имрӯзаю ояндасоз пайванди ногусастанӣдорад.    

     Чун қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, бинобар ин, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣтаваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа равона гардида буд, зеро ҷавонон барои устувории ҷомеа бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ нақши бузург гузошта,  имкон доранд Тоҷикистонро дар тамоми гӯшаву канори сайёра муаррифӣсозанд. Бо шарофати истиқлолият имрӯз дар тамоми соҳаҳо ҷавонон кору  фаъолият менамоянд ва ифтихор аз он доранд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ умр ба сар бурда, як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона доранд.

     Нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин имрӯзҳо басо назаррас ба чашм мерасад.  Ҷавонони мо бо он фахр мекунанд, ки Пешвои муаззамми миллатамон  Тоҷикистони азизу биҳиштосоро бо сисёсати хирадмандона ва меҳнату талошҳои шаборӯзии худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, ки он имрӯз ободу зебо  гашта, ба  яке аз мамлакатҳои пешрафтаи дунё мубаддал шуда истодааст. 

     Бо ибтикори Пешвои миллатамон  Эмомалӣ Раҳмон боз як саҳифаи тозае дар таърихи навини тоҷикон боз шуд ва 23 – юми май - Рӯзи ҷавонон, соли 2017 - Соли ҷавонон эълон карда шуд. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо боиси шодию хурсандӣ ва  фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо  ва ободии ватан  мебошад. 23-юми май  ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар фасли баҳор қайд карда мешавад, ки ин фасл мавсими гул кардану шукуфтанҳост, ҷавонон  худ мисли гул зебоянду зебоиро мепарастанд ва айёми ҷавонӣ бошад, фасли баҳорро мемонад. Пас, ҳар як ҷавони ҳушманд бояд аз ҳар як рӯзи баҳор - яъне рӯзҳои даврони ҷавонӣ, бохирадона истифода барад ва аз ин боғи бехазон самари судманде гирд оварад. То ин маҳсули тафаккур ва азми шикастнопазир ҳам барои имрӯз ва ҳам барои фардоиён коромад бошад. 

         Лаҳзаи дигари фараҳовар он буд, ки 16 ноябри соли 2018 дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи якуми агрегати  Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромад ва  ин  шаҳодат аз он медиҳад, ки мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидем. Дар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ низ нақши ҷавонон хеле бузург ва назаррас баҳогузорӣ мешавад. 

    Дар такя ба сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мешавад, ки ҷавонони ҳушманду толибилми мо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми неру ва қувваи худро баҳри азхуд намудани дониш ва илм, инчунин барои ободии диёри маҳбубамон сафарбар намоянд. Ҳамсолони худро аз роҳҳои бад боздошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, то ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил нашаванд. Зеро ҷавонон метавонанд, Ватани маҳбуби худро аз амалҳои номатлуб нигоҳ доранд. Чун онҳо имрӯз шукрона аз он менамоянд, ки дар фазои орому осудаи Ватан умр ба сар мебаранд ва парчамбардори миллату ватани худ ҳастанд, аз ин ру, ҷавонон бояд ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз боқӣ монанд.

Зайнура Ҳалимова,

муҳаррири маҷаллаи "Дин ва ҷомеа"

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More