Home Articles ФАРЗАНДИ БАД-ДОҒИ ПАДАР

ФАРЗАНДИ БАД-ДОҒИ ПАДАР

ФАРЗАНДИ БАД-ДОҒИ ПАДАР
2019-03-29
2855

Солҳои  охир  амалҳои ғайриинсонии гурӯҳҳои  террористӣ  ҷомеаи  ҷаҳонро дар ташвиш гузоштааст. Зуҳури ин зуҳуроти номатлуб  бисёр кишварҳоро ба қашшоқӣ  овард,  зеро ифротиён ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестанд, ки  мардум осуда  умр  ба  сар  барад.

Дар шароити кунунӣ маркази зуҳури гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ давлатҳои Сурияву Ироқ мебошанд. Вақте аз тариқи оинаи нилгун  харобии ин кишварҳоро мебинам, виҷдон намегузорад, ки бетафовут бошем.

Мутмаинам, сабаби асосии террорист шудани баъзе аз ҷавонон аз падару модар дуруст тарбия нагирифтан ё бепарастор ба  воя расидан маҳсуб мешавад. Омили дигар ноогоҳии чунин ашхос аз моҳияту муқаррароти дини ислом аст. Мутаассифона, аз  кишвари мо низ ҳастанд ҷавонони гумроҳе,  ки ба ин гурӯҳҳо шомил шудаанд. Ҷавононе, ки баргаштанд  ё ба Ватан бозгардонида шуданд, аз кори карда пушаймонанд.

Баъзе аз ҷавонон барои ба даст овардани пули калон, қисмати дигар бо мақсади ширкат дар «ҷиҳод» ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ шуданд.  Дар байни  онҳо ҷавононе ҳастанд,  ки  мактаби миёнаро нав хатм  карда,  аз тариқи  шабакаҳои интернетӣ ба доми ифротиҳо афтодаанд. Табиист, ки ин гуна фарзандон волидони худро дар байни мардум сархам намуда, ояндаи худро зери суол мебаранд. Агар оиладор бошанд, фарзандон аз тарбия дур гардида, тафаккур ва ҷаҳонбиниашон ноқис мемонад.

Банда ҷавонеро медонам, ки аз тариқи шабакаҳои интернетӣ «рафиқ»  пайдо  намуда, ба давлати Сурия барои ширкат дар «ҷиҳод» рафт. Вақте  ки ба он давлат мерасад, мефаҳмад,  ки «дӯст»-онаш ӯро гумроҳ кардаанд. Пушаймон  шуда, бо азоби зиёд аз  он ҷо фирор  карда, ба кишвар бармегардад.

Барои он ки  фарзанд  ба  роҳи  рост  равад, бояд ӯро аз хурдӣ тарбияи дуруст кард, то ин ки дар пирӣ такягоҳи падару модар гардад. Тавре ки шоир фармудааст:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Хурсанд Раҳимова

Pray time in Dushanbe

12.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:53
Maghrib19:59
Isha21:29
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More