Home Articles Ҳунарҳои мардумӣ. Ҷавонон бояд меросбардор бошанд!

Ҳунарҳои мардумӣ. Ҷавонон бояд меросбардор бошанд!

Ҳунарҳои мардумӣ. Ҷавонон бояд меросбардор бошанд!
2019-03-29
2190

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари кишвар маҳсуб меёбанд. Онҳо беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданду диди эстетикии халқро таҷассум мекунанд.

Воқеан, дар аксари кишварҳо мардум ба либоси миллии худ авлавият медиҳанд. Аз ин рӯ, мо низ бояд ба ин масъала мутаваҷҷеҳ бошем ва ба  фарҳанги либоспӯшии худ дар доираи арзишҳои миллӣ арҷ гузорем. Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин, дар бораи ҳунарҳои мардумии мо сухан меравад ва он ҳама то замони мо омада расидаанд. Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. 
Таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сарулибос, ҷиҳози хона, муҳити зист ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Шакл ва хусусияти сарулибос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Намунаҳои нодири нақшу нигоре, ки бостоншиносон дарёфтаанд, бозгӯи фарҳанги бою рангини гузаштагони мо мебошанд. 
Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд. Хурсандиовар аст, ки дар замони мо ҳунарҳои замоне фаромӯшшуда эҳё гардида истодаанд. Барои ҳунармандони асил ин иқдоми наҷиб такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, то ки ҳунари хешро инкишоф диҳанд.
Ҷавонон низ бояд аз анъанаҳои халқи тоҷик огоҳ бошанд. Зарур аст, ки дар таълими фанҳои тахассусӣ - кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва дигар анъанаҳои миллии халқамон самаранок истифода шаванд. 

Ҷамила Муродова

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More