Home Articles ТАВАҶҶӮҲИ МАРДУМИ ОЛАМ БА ТОҶИКИСТОН

ТАВАҶҶӮҲИ МАРДУМИ ОЛАМ БА ТОҶИКИСТОН

ТАВАҶҶӮҲИ МАРДУМИ ОЛАМ БА ТОҶИКИСТОН
2019-06-17
2518

Дар масири давлатдории кишварҳои дунё рӯзҳои таърихӣ дар зеҳни мардум солҳои зиёд мемонад.

      Санаи 15 июни соли 2019 аз чунин рӯзҳои фаромӯшношудани аст, ки дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи умумиҷаҳонии   "Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" дар як сатҳи баланд баргузор гардид, ки тамоми мардуми оламро дар ҳайрат гузошт.

     Дар давлатҳои Шарқу ғарб чунин ҳамоишҳои байналхалқӣ зиёд ташкил мешавад, аммо ин ҷаласаи бо шукӯҳ аз дигар ҷаласаҳо аз чанд ҷиҳат фарқ дошт.

     Якӯм бо намуди зоҳирӣ, шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин нишасти роҳбарони воломақоми давлатҳо бо дараҷаи аъло омода карда шуда буд, ки қабл аз ташрифи меҳмонони олимақом васоити ахбори умуми давлатҳои хориҷ онро ҳамчун намунаи шаҳрдорӣ ва одоби меҳмонқабулкунии тоҷикон  ба оламиён хабар доданд.
     Дуввум Қасри бо ҳашамати "Наврӯз "диққати меҳмонони олиқадр ва мардуми дунёро ба худ ҷалб кард.

     Саввум дараи Варзоб, меваҳои шаҳдбор ва табиати зебои Тоҷикистон бо сабаби бори аввал ба Тоҷикистон омадани роҳбарони баъзе давлатҳо аз ҷумла Бангладеш, Шри ланка ва дигар мамлакатҳоро дар ҳайрат гузошт.
     Чаҳорум ва аз ҳама муҳим ин ақлу заковати Худододи Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо ин ҳамоиш Тоҷикистонро ҳамчун як давлати озоду обод, мардумонаш бо саодат нишон диҳанд ва миллати Тоҷик дар Осиё як миллати соҳибфарҳанг, меҳмондӯсту меҳмоннавоз буданашро боз як бори дигар муаррифи карданд.
     Дар ин сатҳи баланд ташкил карда бо ҳазорон муваффақият гузаронидани ин ҳамоиши умумибашарӣ обрӯи Тоҷикистон, миллати Тоҷик ва хусусан обрӯи Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бо ин дастовардҳо ифтихор мекунем.
                                

ҲОҶӢ  ҲУСАЙН МӮСОЗОДА

Муовини Раиси Маркази исломи

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More