Home Articles Оила ва нақши он дар камолоти инсонӣ

Оила ва нақши он дар камолоти инсонӣ

Оила ва нақши он дар камолоти инсонӣ
2019-07-11
2718

Таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ҷомеае, ки дар он институти оила мустаҳкам нест, ба нокомӣ ва мушкилоти зиёди иҷтимоӣ печида, дар ниҳоят хавфи аз байн рафтан низ ба он таҳдид мекунад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 - ро Соли оила эълон карда, таъкид намуданд:«Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад». 
Ҳоло дар мамлакат Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2023 амал мекунад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила аз ҳадафҳои меҳварии ин барнома аст.

Борҳо собит шудааст, дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надорад, ба ҷойи оромию хушбахтӣ моҷарою рӯҳафтодагӣҳукмфармо гардида, ба устувории оила ва ҳар як узви он, махсусан ба кӯдакон, таъсири манфӣ мерасонад. Бунёди оилаи хушбахт аз шеваи муносибати зану шавҳар вобастагии зиёд дорад. Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудиву мушкилот намешавад ва дар сурати сар заданӣ нофаҳмиҳо метавон мушкилоти бамиёномадаро бо роҳи якдигарфаҳмӣҳал кард. Дар ғайри сурат, мушкилот зиёдтару печидатар мешавад, гоҳо боиси ҷудоӣва оқибатҳои фоҷиавӣ мегардад.
Дар замони авҷи бархӯрдҳо миёни гурӯҳу ҷараёнҳои тундгаро, ки бештар ба ҳаёти ҷавонон латма ворид месозад, бояд ба нақши оила ҳамчун рукни асосии ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанди солеҳу созанда беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зеро таълиму тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад. Дар ҳамин асос, ҳоломаърифати оиладорӣ, омода кардани насли ояндасози кишвар баҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Мутаассифона, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз вайроншавии оилаҳо аз байн нарафта, ҳамчун масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре ба мушоҳида мерасад, дар натиҷаи бекоршавии ақди никоҳ ва аз ҳам пошидани оилаҳо аввалин зарба ба кӯдакон мерасад. Дар натиҷаи чунин иттифоқи номатлуб онҳо азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд. Аз тарбияи дурусти оилавӣ дар канор монда, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ меафтанд ва дар ниҳоят ба афроди мушкилсози ҷомеа табдил мешаванд.

Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа ва ниҳодҳои марбутаи давлатро зарур аст, ки дар пешгирии чунин мушкилот масъулият дошта бошанд.

Саидраҳмон ДАВЛАТЗОДА

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More