Home Articles Ҳифзи кӯдакон - вазифаи ҷонии бузургсолон…

Ҳифзи кӯдакон - вазифаи ҷонии бузургсолон…

Ҳифзи кӯдакон - вазифаи ҷонии бузургсолон…
2019-07-19
2246

Бидуни мавҷудияти кӯдакон дӯст доштани инсоният ғайриимкон мебуд…   Фёдор Достоевский

Ҳамасола дар тамоми рӯи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Боиси хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки дар Тоҷикистони офтобрӯя ва биҳиштосои мо бачагон тамоми ҳуқуқ ва шароитҳоро барои зиндагии шоиста доро мебошанд ва баҳри амалӣ гаштани орзуву ҳавасҳои кӯдаконаи онҳо заминаҳои мусоиди муосир фароҳам оварда шудаанд. Гирифтани таълиму тарбия ва маълумоти зарурӣ, ки яке аз самтҳои муҳими ҳаётӣ барои бачаҳои ҳар давру замон ба шумор меравад, бо мақсади дастрас гаштани ин муҳимот низ мусоидтарин шароитҳо таъмин карда шудааст.

 1 июн ҳар сол Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва он ҳамчун яке аз ҷашнҳои қадимтарини байналмилалӣ ба шумор меравад.  Қарор дар бораи ҷашн гирифтани ин рӯзи тарихӣ ҳамчун ҷашн, соли 1925, дар конференсияи доиргашта  бахшида ба масоили некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул карда шуд.

Аз рӯи баъзе  маълумот соли 1925  Консули генералии Хитой дар Сан-Франсиско гурӯҳи бачаҳои ятими чиниро бо ҳам ҷамъ оварда, барои онҳо ҷашни Дуань-у цзе (Фестивали қаиқ-аждарҳо)-ро, ки ба 1- уми июн мувофиқ меомад, ташкил намуд. Доир кардани ин ҷашн куллан ба таври тасодуфӣ, ба вақти гузаронидани конфронси «кӯдакон» дар Женева рост омад.

Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон, вақте ки мушкилоти ҳифзи сиҳатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон хеле муҳим ба шумор мерафт, соли 1949 дар Париж конгресси занҳо доир гашт, ки дар он оид ба муборизаи хастанопазир барои таъмин намудани сулҳи пойдор, ҳамчун ягона кафили хушбахтии кӯдакон қасам садо дод. Ва худи ҳамон сол, дар сессияи Москвагии байналмилалии федератсияи демократии занҳо мутобиқи қарори конгресси 2-юми он ҷашни мазкур таъсис дода шуд.    

Агар ба саҳифаҳои таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯ биорем, аёнамон мегардад, ки садҳо ҳазор писарбачаҳои наврас ва духтаракони Иттиҳоди Шӯрави он рӯзҳо ба қисмҳои ҳарбии маҳалли зисташон рафта, як солу ду солиро  ба синни ҳуҷҷатии худ илова карда, ба ҳимояи Ватан мешитофтанд. Бештари ин кӯдакони шуҷоъ дар роҳи ҳимоя ва ҳифзи Ватан ҳалок гаштанд. Бачагони даврони ҷанг аз ҷанговарони бузургсол камтар зарар надидаанду азоб накашидаанд. Ин бачагон дар баробари калонсолон, дар ҳайати армия ва ҳам дар отрядҳои партизанӣ бар зидди душман меҷангиданд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ шумораи чунин кӯдакон ба даҳҳо ҳазор нафарҳо расида буд.  

Магар номи ин гуна кӯдаконро наслҳои баъдии даврони шӯравӣ аз сартосари Иттиҳод фаромӯш карда метавониста бошанд? Гумон меравад, ки ҳоло низ номи эшон аз дафтари хотироти мардумон зудуда нагаштааст ва бори дигар ёдрас намудани онҳо, ки корномаашон арзандаи пайравӣ кардан аст,  бар манфиати кӯдакону ҷавонон хоҳад буд: Володя Кузмин, Юра Жданко, Лёня Голиков, Марат Казей, Лара Михеенко, Валя Котик, Таня Морозова, Витя Коробков, Зина Портнова ва бештари дигарон аз зумраи эшон буданд. Аз миёни ин бачагон Марат Казей, Валя Котик, Зина Портнова ва Лёня Голиков ба унвони Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд. 

 Далелҳои таърихии даврони ҷангӣ қисса менамоянд, ки ин кӯдакон яроқҳои аз ҷанг боқимонда, патрон, пулемёт, норинҷакҳо ва ғайраро ҷамъоварӣ намуда, дар баробари зери хатар қарор додани ҷони худ ба партизанҳо медоданд ва бо ин восита ба онҳо кӯмак мерасониданд.  Ярадоронро низ ин бачагон мадад мерасониданд, онҳо ҳатто ба асирафтодагони конслагерҳои немисӣбарои гурехтан ёрӣ медоданд. Анборҳои хӯроквории немисҳоро оташ мезаданд, роҳҳои оҳанро корношоям намуда, вагонҳоро метарконданд. Дар «фронти бачагона» ҳам писаракон ва ҳам духтаракон меҷангиданд.

   Кӯдакони дар шаҳрҳои вайронаву валангор бесоҳибмонда ба марги гуруснагӣ маҳкум мегаштанд. 

 Тарбиятгарони боғчаҳо  бошанд, ба кӯдакони бекасукӯймондае, ки падаронашон дар ҷанг ҳалок шудаву модаронашон шабу рӯз дар паси дастгоҳҳо меҳнат мекарданд, ёрии содиқонаву самимонаи худро мерасониданд. Он замон бештари боғчаҳои даврони ҷанг ба хона-интернатҳо табдил ёфта буданд. Барои ин кӯдакони дар ақибгоҳмондаро аз чанголи гуруснагиву сармову мушкилоти дигар ҳифз намудан, онҳоро бо муҳаббати воқеӣ фаро гирифтан ва ғайраву ҳоказоҳои дигарро  таъмин намудан сабру таҳаммул ва муҳаббати беандоза зарур буд… 

 Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон соҳиби парчами махсуси худ мебошад. Дар пасманзари сабзи он, ки инъикоскунандаи рушди ҳамоҳангӣ, серҳосилӣ ва покист, курраи замин тасвир ёфта, дар атрофи Замин аксҳои тарҳрезишудаи бачагон бо рангҳои сурх, зард, кабуд, сафед  ва сиёҳ тасвир ёфтааст. Ин шаклҳои тасвирёфтаи бачагон  гуногунмиллатӣ, якдилӣ ва пурсабрии инсониятро инъикос менамояд.    Шакли Замин, ки дар марказ тасвир  шудааст - рамзи хонаи умумии тамоми кӯдакони рӯи олам мебошад.

Ин ҷашнро  ба таври назаррас  дар кишварҳое, ки сохти рушди сотсиалистиро ихтиёр намуда буданд, дастгирӣ карданд. Дар даврони мавҷудияти Иттиҳоди шӯравӣ, 1  уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо маърӯзаҳо ва мубоҳисаҳо дар бораи ҳуқуқ ва некӯаҳволии кӯдакон қайд менамуданд, барномаҳо ва филмҳои кӯдакона доир карда, мусобиқоти гуногуни бачагона бо иштироки волидонашон баргузор  карда мешуд. Дар ин рӯзи таърихӣ барои кӯдакон дар бештари кишварҳо чорабиниҳои оммавии дилхушкунандаи фарҳангӣ доир карда мешавад.

Аммо рӯзи ҳифзи кӯдакон - ин на танҳо ҷашни дилхушкунанда барои худи бачаҳо, балки ёдрас кардан ба аҳли бузургсоли ҷомеа оид ба хеле муҳим будани ҳифз намудани ҳуқуқҳои кӯдакон аст. Ба хотири он, ки тамоми кӯдакони олам  хушҳолона ба воя расида таҳсил намоянд, бо корҳои дӯстдоштаи худ машғул шаванд ва дар оянда беҳтарин волидон ва шаҳрвандони кишвари худ гашта тавонанд. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ҳар гӯшаи олам ҳар гуна ҷашн гирифта мешавад, бинобар ин, хостем ба олами кӯдакони гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон назаре андозем.  

 Булғористон. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Булғористон мақоми хосеро касб намудааст ва он бо чорабиниҳои махсуси тарҳрезишуда  ҷашн гирифта мешавад. Бо иқдоми Людмила Живкова, раиси Кумитаи фарҳанги вақти ин кишвар,ҳамзамон духтари Котиби генералии Ҳизби коммунистии Булғория Тодор Живков, соли 1979 якумин маротиба Ассамблеяи байналмилалии бачагонаи «Парчами сулҳ» ташкил карда шуд, ки барои муттаҳид сохтани неруи тамоми бачаҳо баҳри пойдории сулҳ равона карда шуда буд. Ассамблеяи мазкур кори худро таҳти шиори «Ягонагӣ, эҷодиёт, зебоӣ» доир менамуд. Кӯдакон дар озмунҳои расмкашӣ дар болои мум (асфалт) иштирок менамуданд, бозиҳои бачагона, мусобиқаҳо ва консертҳои истеъдодҳои ҷавон баргузор карда мешуд. Пас аз фавти муассиси ин Ассамблея якчанд соли дигар ин гуна чорабиниҳо боз доир мегаштанд, аммо баъдан соли 1989 он тамоман аз миён рафт. Якчанд сол қаблтар духтари Людмила Живкова, Евгения Живкова, барои барқарор сохтани ин анъана тамоми кӯшишҳои худро равона намуд…

Арманистон. Ҳамасола 1 июн дар  Арманистон як қатор чорабиниҳои идона доир карда мешавад. Барои мисол, дар майдонҳои марказии Ереван консертҳо ва мусобиқоти расмкашӣ дар рӯи асфалт сурат мегирад, барои бачаҳо туҳфаҳои зиёд омода карда мешаванд. Инчунин намоиши бачагона бо ҳамовозии оркестри нафасӣ ва ҳунармандони театри лухтак ва сирк баргузор мегардад, баъд аз ин  ҳунармандони шинохтаи кишвар барои кӯдакони мамлакаташон консерт пешниҳод менамоянд ва дар доираи чорабинии мазкур иқдомҳои хайрхоҳона доир карда мешавад, ки дар он мактаббачаҳо ҳунарҳои дастии худро ба кӯдакони ниёзманд ва маъюбу бемор дастрас менамоянд.

 Украина. Дар  Украина Рӯзи ҳифзи кӯдакон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Украина таҳти №568/98 аз  30 майи соли 1998 ҷашн гирифта мешавад. Дар олам бештар аз 96% бачаҳо дар он кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон вазифадор карда шудаанд. Дар Украина  Конвенсияи Созмони милали муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак 27-уми сентябри соли 1991 ҳукми қонунии худро соҳиб гардид. Дар солҳои истиқлолият ба Украина муяссар гашт, ки оид ба  ҳифзи кӯдакон қонун қабул намояд, ки ин қонун ба меъёрҳои аврупоии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷавобгӯ мебошад. Аммо табиист, ки бо сабабҳои мухталиф тамоми талаботи ҳуқуқии ин қонун ҳанӯз имконпазир нагаштааст.      

Имрӯз дар тамоми олам ҳуқуқҳои кӯдакон ҳифз карда мешавад, Вале, дасти харобкори ҷангҳои бемаънӣ дар дунё имрӯз ба бачаҳои маъсуму бегуноҳ низ бетаъсир намондааст. Бештари кӯдакони аз дунё чизе надида бо «панҷаҳои қаттоли» ҷанг маҳв карда шуданд. Кӯдакон дар ҷангҳои тамоми давру замон ҷабрдидаҳои маъсуму  бегуноҳ маҳсуб меёбанд.

 Метавонем лаҳзае ба ҳаёти кӯдакони кишварҳои араб, хусусан Сурия  рӯ биорем. Мутахассисони соҳа ба чунин натиҷа расидаанд, ки ҳолати равонии миллионҳо нафар бачаҳои суриягӣ ба дараҷаи ҳузновар расидааст. Агар ба ин кӯдакон кӯмак фавран расонида нашавад, зарари расонида ба ин насл дар маҷмӯъ метавонад паёмадҳои ногуворе дошта бошад. Аз таъсири даҳшати ҷанг бештари кӯдакон нутқи худро аз даст дода, дар гӯишашон лакнат эҳсос мешавад. Далелҳо собит менамоянд, ки бачагони суриягӣ мунтазам бадбахтӣ ва ноумедиро эҳсос менамоянд. Аз рӯи маълумоти оморӣ қариби 2,3 млн кӯдакон ҳамроҳбо калонсолон Сурияро тарк намудаанд ва 3 млн. бачаҳои то шашсола ба ҷуз аз даҳшати ҷанг чизи дигареро надидаанд… 

Дар Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба ин санаи таърихӣ як қатор чорабиниҳои идонаи ҷолиби сатҳи ҷумҳуриявиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ  доир карда мешаванд. 1-уми июн дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон    чорабиниҳои гуногуни дилхушкунанда, ба монанди барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва  маъракаҳои хайриявӣ  барои бачаҳои  кишварамон баргузор мегардад. Бачаҳо, ки бешубҳа ояндаи ин Ватани офтобрӯя ва сулҳпарвар мебошанд, аз таъмин будани тамоми шароитҳои хубу мусоид хеле сарбаланду сарфароз гашта, дар қалб муҳаббати беандоза ва лаб таронаи хушбахтӣ,  барои  таҳсил ва  саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони беназир неру ва илҳоми тоза мегиранд.   

Мунис  ДАВЛАТЗОДА,

ҳуқуқшинос

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More