Questions and answers - Family
02645:
Агар шахсе занашро як талоқ кард ва баъд аз як моҳ боз ўро се талоқ дод, дар ин ҳолат чанд талоқ мешавад? Ин кор чанд сол пеш воқеъ шуда буд, Раёсати фатво ба як талоқ фатво дода буд. Вале шунидам, ки дар сурати мазкур на як талоқ, балки се талоқ воқеъ мешавад. Кадоми ин ду қавл дуруст аст?
Categories:
Family02643:
Агар шахсе худ ба худ ягон шарт монад ва гўяд, ки “агар ман фалон корро кунам, занам бар ман се талоқ”, дар ҳоле ки занаш қаблан ду бор талоқ шуда ва таҷдиди никоҳ кардаанд. Ин дафъа агар шартро шиканад, занаш боз талоқ мешавад? Оё метавонад, ки шарти гузоштаро бо ягон хайр ё рўза гирифтан бекор кунад?
Categories:
Family02622:
Ман чор моҳ пеш оила барпо кардам. Аммо ҳамсарам аз ҳамон рўзи аввал талаб кард, ки талоқашро диҳам. Дар ин муддат фақат ҷанҷол мекард ва бе иҷозати ман ба хонаашон рафт. Ман ба хориҷа рафтам ва ҳангоми дар он ҷо буданам ҳам муомилаи бад дошт. Ман тоқат накарда ба ў “се талоқ, се талоқ” гуфтам. Оё ман метавонам ба хотири фарзанде, ки дар батни ҳамсарам ҳаст, бо ў таҷдиди никоҳ кунем?
Categories:
Family


