Home Questions and answers Aqida Question № 00001

Question № 00001

Оё хондани намоз бо футболкаи расмдор дуруст аст ё на?

Question:

Агар дар футболка расми ягон ҷонзот бошад ва дар болояш ягон либосе пӯшида шавад, ки ин расм дар ҳангоми намозхонӣ наметобад, бо он намоз хондан дуруст аст ё на?

Answer:

Намоз гузоридан бо либосе, ки расми ягон ҳайвон дар он бошад, аз лиҳози фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ макруҳ аст. Чунончи дар китоби «Ҳидоя» зикр шудааст:

" وَلَوْلَبِسَ ثَوْبًا فِیهِ تَصاوِیرُ یُکْرَهُ ."

«Агар намозгузор либосеро пӯшад, ки дар он сурат бошад, макруҳ аст». («Ҳидоя», китоб салот, боби кароҳият). Агар ба болои либоси суратдор либоси дигаре пӯшида бошад, макруҳ нест, зеро дар ин ҳолат пӯшида ва пинҳон мемонад. Дар китоби «Раддул-муҳтор» роҷеъ ба ин масъала чунин овардааст:

" و ) لَا يُكْرَهُ ( لَوْ كَانَتْ تَحْتَ قَدَمَيْهِ ) أَوْ مَحَلَّ جُلُوسِهِ لِأَنَّهَا مُهَانَةٌ ( أَوْ فِي يَدِهِ ) عِبَارَةُ الشُّمُنِّيِّ بَدَنِهِ لِأَنَّهَا مَسْتُورَةٌ بِثِيَابِهِ ."

«Агар сурат дар зери қадамаш ё ҷои нишасташ бошад, макруҳ нест, зеро иҳонат ба он маҳсуб мешавад, ва агар дар дасташ ва ё баданаш бошад, низ макруҳ нест, зеро  дар ин ҳолат бо либосҳояш пӯшида шудааст». («Раддул-муҳтор», боби муфсидот ва макруҳоти намоз).

Матлабе, ки баён шуд, ҳукми фиқҳии ин масъала аст, аммо ёдовар бояд шуд, ки пӯшидани либоси суратдор ва ё дорои навиштаҷоти гуногун ба фарҳанги миллию мазҳабии мо созгор нест. Бинобар ин, аз пӯшидани чунин либосҳо худдорӣ кардан амали некӯ ва шоистаи ҳар як фарди мусулмон аст.

2015-01-21
5560
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43