Home Questions and answers Ruza Question № 01007

Question № 01007

Ман тасбеҳоти моҳи Рамазонро фаромӯш кардам, илтимос кумак кунед

Question:

Ассалому алайкум! Ман тасбеҳоти моҳи Рамазонро фаромӯш кардам, илтимос кумак кунед. Раҳмат, Худо аз Шумо розӣ бошад.

Саволдиҳанда: Меъроҷ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тасбеҳоти моҳи Рамазон чунин аст: “Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-азамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Тасбеҳоти се шаби охири Рамазон чунин аст: “Субҳонал-Ҳаннонил-Маннон, субҳонал-Маликид-Дайён, ал-маъруфи бил-иҳсон, ал-мавсуфи бил-ғуфрон, ал-вадоъ, ал-вадоъ, ё шаҳра Рамазон, ал-фироқ, ал-фироқ, ё шаҳрал-баракати вал-иҳсони ва хатмил-Қуръон, аввалуҳу раҳматув-ва авсатуҳу мағфиратув-ва охируҳу итқум-минан-нирон, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.

Тарҷума: Пок аст Худованди бисёр бахшояндаи неъматбахш, пок аст Худованди фармонравои подошдиҳанда, ба эҳсон маъруф ва ба омурзиш машҳур, алвидоъ, алвидоъ эй моҳи Рамазон, алфироқ, алфироқ эй моҳи хайру баракат ва моҳи хатми Қуръон, аввали он нузули раҳмат ба бандагон, миёни он омурзиши гуноҳон ва охири он озодӣ аз дӯзахи сӯзон аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем. 

2017-04-01
5737
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44