Question № 01028
Дар хоб дидани малоика чӣ таъбире дорад?
Question:
Ассалому алайкум. Дар хоб дидани малоика чӣ таъбире дорад?
Саволдиҳанда: Иброҳим
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб ҳам раҳмонӣ ва ҳам шайтонӣ мешавад ва эҳтимоли рост ё дурӯғро дорад, танҳо хоби пайғамбарон раҳмонӣ аст. Фарди мусулмон ҳар гоҳе хоб мебинад, бояд ба ояндаи худ некбин бошад. Агар тавоноӣ дошта бошад, ба қадри тоқаташ ба муҳтоҷону ниёзмандон садақа кунад ё ин ки намози нофила гузорад ва аз Худованд барои худ ва хонаводааш хайру офият талаб намояд. Набояд фаромӯш кард, ки фариштагон дар хоб ба суратҳои гуногун зоҳир мешаванд. Яке аз таъбирҳои дар хоб дидани малоика аломати нусрат ва пирӯзӣ аст.