Question № 01038
Ман дар китоби “Салавот бар Муҳаммад” чунин салавотро хондам: “Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин салотан такуну лака ризоав ва лиҳаққиҳи адоан”. Дар фазилати ин салавот чунин омадааст, ки...
Question:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ман дар китоби “Салавот бар Муҳаммад” чунин салавотро хондам: “Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин салотан такуну лака ризоав ва лиҳаққиҳи адоан”. Дар фазилати ин салавот чунин омадааст, ки ҳар касе баъд аз намози бомдод ва шом ин салавотро 33 бор бихонад, Худованд аз қабри Паёмбармон (с) ба қабри ин хонанда як даричае боз мекардаст ва ҳар лаззате, ки дар қабри Паёмбарамон (с) бошад, насиби хонанда ҳам мешудааст. Ман аз шумо мехостам, ки саҳеҳ будани фазилати ин салавотро бо оят ва ҳадисҳои саҳеҳ комилтар фаҳмонед, аз чавоби додаи шумо баҳравар хоҳам шуд. Худованди олам нигоҳбонатон бод.
Саволдиҳанда: Зокир
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд дар китоби худ оиди дуруд фиристодан ба Паёмбараш (с) чунин мефармояд: “Ҳамоно, Худо ва фариштагони Ӯ бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед”. (“Аҳзоб”, 56) Ҳамчунин Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Ҳар касе бар ман як бор дуруд фиристад, Худованд ба ивази он бар вай даҳ бор дуруд мефиристад”. (Ривояти Муслим) Салавоте, ки шумо дар суолатон овардаед, дар китоби “Эҳёул-улум”-и Ғазолӣ зикр шудааст, вале дар китобҳои ҳадис ба чашм нарасид. Ба ҳар сурат, агар шумо аҷру подоши зиёд ва қурби Пайғамбар (с)-ро бихоҳед, ҳар чи бештар ба Расули гиромӣ (с) дуруд фиристед, зеро он Ҳазрат (с) фармудаанд: “Наздиктарини мардум ба шафоати ман дар рӯзи қиёмат касе аст, ки аз ҳама бештар бар ман дуруд мефиристад”. (Ривояти Тирмизӣ)