Home Questions and answers Family Question № 01041

Question № 01041

Ду моҳ шуд, ки занам аз апаам қаҳр карда ба хонаи модараш рафтааст. Мегӯяд, ки агар хона харӣ, бо ту зиндагӣ мекунам. Ӯ дар бозор кор мекунад, ман бо мошини шахсиам ронандаи таксӣ шуда кор мекунам...

Question:

Домуллои азиз, ду моҳ шуд, ки занам аз апаам қаҳр карда ба хонаи модараш рафтааст. Мегӯяд, ки агар хона харӣ, бо ту зиндагӣ мекунам. Ӯ дар бозор кор мекунад, ман бо мошини шахсиам ронандаи таксӣ шуда кор мекунам. Мегӯяд, ки хоҳӣ, зан гир, лекин ману кӯдаконро фаромӯш кун. Шукронаи Худо, ки ман аз вай се духтар дорам. Агар ҳамин фарзандонам намешуд, аз ин гуна зан даст мекашидам. Мегӯяд, ки ба бекор кардани ақди никоҳи расмӣ розиам, ҳеч чизат даркор нест, лекин маро аз никоҳат набарор. Домуллои азиз ман чӣ кор бояд кунам? Илтимос ба ман маслиҳат диҳед.

Саволдиҳанда: Камолиддин

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, шумо ба хотири ризои Худо аз ҳамсаратон ҷудо нашавед, зеро фарзандонатон зиндаятим мешаванд, ки ин гуноҳи бисёр бузург аст. Никоҳ неъмати илоҳӣ, зан амонат ва фарзандон меваи ҳаёти шумо ҳастанд. Шумо аз ин неъмати Худованд шукргузор бошед, ҳамсаратонро насиҳат кунед, умед аст, ки насиҳати шуморо гӯш мекунад, зеро ӯ ҳам инсон аст ва шояд ба худ ояд ва бо шумо мувофиқат кунад. Илова бар ин, агар аз хонаводаи ҳамсарат шахсе ёфт шавад, ки сухан ва нуфузаш ба ҳамсаратон таъсиргузор бошад, маслиҳати ӯро ҳам бигиред, умед аст, ки Худованд шуморо аз ин мушкилоти зиндагӣ раҳоӣ бахшад. Ноумед нашавед ва барои ба даст овардани зиндагии осуда ва гуворо кӯшиш намоед, фаромӯш накунед, ки фарзандонатон амонат ва сабаби баракат ҳастанд.   

2017-04-12
3820
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

04.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:22
Maghrib17:20
Isha18:50