Question № 01043
Ҳангоми хондани намози фарз хато шавад ба тарафи рост салом дода мешавад, агар чунин холат дар намози суннат шавад, салом дода мешавад ё ки намозро аз нав гузошта мешавад.
Question:
1. Дар моҳи Раҷаб чанд рӯз рӯза гирифтан мумкин аст? 2. Ҳангоми хондани намози фарз хато шавад ба тарафи рост салом дода мешавад, агар чунин холат дар намози суннат шавад, салом дода мешавад ё ки намозро аз нав гузошта мешавад.
Саволдиҳанда: Шамсиддин
Answer:
Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, рӯза гирифтан дар моҳи Раҷаб амали нофила буда, ба тавону имконияти шумо вобаста аст, агар хоҳед, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рӯзҳои миёни ин моҳ рӯза доред, аҷру подош мегиред. 2. Агар шумо дар намози фарз саҳв кардед, як тараф салом медиҳед. Дар суннат бошад, ихтиёр дорад, метавонед, ки як тараф салом диҳед ё ду тараф, сипас барои саҳв саҷда мекунед. (“Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 72-76)