Question № 01049
Вақти намози бомдод гузашт ва нури офтоб ҳама ҷоро фаро гирифт. Намози қазоии бомдодро то соати чанд хондан мумкин аст, оё бо азон сар карда то охир мехонем ва дар фарз бо овози баланд қироат мекунем?
Question:
Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Ду суол дорам: 1. Вақти намози бомдод гузашт ва нури офтоб ҳама ҷоро фаро гирифт. Намози қазоии бомдодро то соати чанд хондан мумкин аст, оё бо азон сар карда то охир мехонем ва дар фарз бо овози баланд қироат мекунем? Пурра маълумот медодед. 2. Дар Қуръони карим номи Исои Масеҳ (а) омадааст? Дар бораи ӯ аз назари Ислом мухтасар маълумот медодед. Қаблан ташаккури зиёд. Худованд илматонро зиёда гардонад ва ҳама вақт дар роҳи ҳақ бошед.
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар айни тулуъи офтоб гузоридани ҳар навъ намоз, аз ҷумла намози бомдод мамнуъ аст. Вақте ки офтоб ба андозаи як найза баланд шуд, дар ин ҳолат шумо намози бомдодро пурра қазо медоред. Яъне азон гуфта аввалан суннати он, сипас иқомат гуфта фарзи онро ба ҷо меоред. Дар сурати бо ҷамоат гузоридани он дар фарз бо овози баланд қироат мекунед. 2. Зикри ҳазрати Исо (а) дар чандин ҷои Қуръони карим ворид шудааст. Ҳазрати Исо (с) яке аз пайғамбарони Худованд аст, ки бе падар ба дунё омадааст ва ба иттифоқи аҳли илм айни ҳол дар осмон зинда аст. Ба замин фуруд омадани ӯ яке аз нишонаҳои қиёмат аст, ки дар охири замон Даҷҷолро қатл мекунад. Барои маълумоти бештар дар бораи ҳазрати Ис (а) шумо тарҷумаи сураҳои “Оли Имрон”, “Нисо”, “Моида” ва “Марям”-ро мутолиа кунед.