Question № 01051

Оё ҷавони сию сесола метавонад дар масҷид салла пӯшад? Мақсад ин ки аз тарафи домулло ва ашхоси калонсол мазаммат карда намешавад?

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои муҳтарам, оиди салла маълумоти комилу саҳеҳ медодед. Синни ҷавонӣ аз чандсолагӣ оғоз шуда то чандсолагӣ идома меёбад? Оё ҷавони сию сесола метавонад дар масҷид салла пӯшад? Мақсад ин ки аз тарафи домулло ва ашхоси калонсол мазаммат карда намешавад? Нигоҳу тавсияи Шумо чист? Муҳтоҷи дуои неки Шумо ҳастем. Ташаккур.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз рӯи луғат фарди аз 19-сола то 33-соларо ҷавон мегӯянд, аммо аз рӯи шариат фарди аз 15-сола то 29-сола ҷавон ба шумор меравад. Гузоштани салла шиори Ислом аст, агар шахсе салла пӯшид, аз мазаммати мардум набояд ошуфтахотир гардад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 16) 

2017-04-17
2840
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38