Question № 01057
Дар бораи чигуна ва кадом вақт хондаи намози нафл пурра ва ба таври сода маълумот медодед.
Question:
Ассалому алайкум бародари мусалмон. Дар бораи чигуна ва кадом вақт хондаи намози нафл пурра ва ба таври сода маълумот медодед.
Саволдиҳанда: Меҳроб
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, равиши гузоридани намози нафл монанди намози суннат аст, ки дар ҳар як ракъати он сураи “Фотиҳа” бо замми сурае хонда мешавад. Гузоридани намози нафл дар ҳама вақт ҷоиз аст, вале дар вақтҳои зайл макрўҳ аст: вақти хутба хондани имом дар ҷумъа, пас аз дамидани субҳ то баланд шудани офтоб, пас аз гузоридани аср то адои намози шом. (Мухтасарул-виқоя”, с. 11)