Question № 01058
Шиками моҳии калонро тоза кардан лозим аст ё на? Агар хурд бошад, чӣ бояд кард?
Question:
Ассалому алайкум устод. 1. Шиками моҳии калонро тоза кардан лозим аст ё на? Агар хурд бошад, чӣ бояд кард? 2. Сураҳои Қуръонро кӣ номгузорӣ кардааст?
Саволдиҳанда: Саид
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, шиками моҳии калон тоза карда мешавад, агар дар шиками он моҳии дигар ёфт шавад, хӯрданаш боке нест. 2. Номи сураҳои Қуръон тавқифӣ ҳастанд, яъне ҳазрати Ҷабраил (а) ҳангоми овардани ваҳй ба Расули Худо (с) номи сураҳоро низ баён намудааст, сипас Расули Худо (с) онро ба уммати худ расонидаанд. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 336)