Question № 01060

Дар Қуръон чанд ояти мансух вуҷуд дорад ва дар кадом сура аст?

Question:

Ассалому алайкум устод. Дар Қуръон чанд ояти мансух вуҷуд дорад ва дар кадом сура аст? Агар мумкин бошад, нусхаи электронии китоби “Носих ва мансух”-ро ҷой кунед.

Саволдиҳанда: Саид

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, илми носих ва мансух яке аз улуми қуръонӣ ба шумор меравад ва роҷеъ ба он китобҳои зиёде ба забони арабӣ ва форсӣ арзи вуҷуд дорад. Дар бораи теъдоди оятҳои мансух бошад, миёни донишмандон дидгоҳҳои мухталиф аст. Айни ҳол нусхаи электронии ин китобро дар даст надорем, шумо метавонед аз дӯконҳои китобфурӯшӣ китобе дар ин мавзуъ дастрас намуда, оиди теъдоди оятҳои мансух маълумоти муфассал ба даст оред.

2017-04-21
3093
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

04.05.2024

More
Fajr03:43
Zuhr12:40
Asr17:26
Maghrib19:31
Isha21:01