Question № 01067
Ман дар хоб дидам, ки дар як нақби торик рафта истодаем, як равшанӣ баромад ва он ҷо ҷӯе буд, дӯстам аз ҷӯй парида гузашт, ман бошам дар ҷӯй афтодам. Аз дӯстам ёрӣ хостам, аммо дӯстам маро партофта гурехт, ман бо як азоб аз ҷӯй баромадам.
Question:
Ассалому алайкум. Ман дар хоб дидам, ки дар як нақби торик рафта истодаем, як равшанӣ баромад ва он ҷо ҷӯе буд, дӯстам аз ҷӯй парида гузашт, ман бошам дар ҷӯй афтодам. Аз дӯстам ёрӣ хостам, аммо дӯстам маро партофта гурехт, ман бо як азоб аз ҷӯй баромадам. Таъбири ин хоб чист?
Саволдиҳанда: Ашӯрбобо
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб раҳмонӣ ва шайтонӣ мешавад ва эҳтимоли росту дурӯғро дорад. Шумо аз ин хобатон мушавваш ва ошуфтахотир нашавед, балки ба Худо паноҳ баред ва ба андозаи тавони худ садақа кунед, умед аст, ки нафъи он ба шумо бармегардад.