Question № 01086
Дар бораи зиндагии Пайғамбарамон (с) маълумот медодед, ки кадом рӯзу сол ба дунё омадаанд, чанд сол зиндагӣ карданд, чанд муддат дар шаби меъроҷ буданд, кадом сол аз дунё гузаштанд.
Question:
Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Дар бораи зиндагии Пайғамбарамон (с) маълумот медодед, ки кадом рӯзу сол ба дунё омадаанд, чанд сол зиндагӣ карданд, чанд муддат дар шаби меъроҷ буданд, кадом сол аз дунё гузаштанд. Пурра мефаҳмонед, зеро ҳар кас ҳар хел мегӯяд. Қаблан ташаккури зиёд.
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Расули Худо (с) рӯзи душанбе, 12-уми моҳи Рабеъул-аввал баробар ба 20-уми апрели соли 571-уми мелодӣ дар шаҳри Маккаи мукаррама ба дунё омадаанд. Ба ҳисоби солшумории қамарӣ муддати 63 сол зиндагӣ намуданд ва дар таърихи 12-уми моҳи Рабеъул-аввали соли 11-уми ҳиҷрӣ баробар ба соли 632-уми мелодӣ ин дунёро падруд гуфтанд. Барои маълумоти бештар пайдо кардан шумо метавонед ба китобҳои сират, аз ҷумла китоби “Сиратул-яқин” ва “Раҳиқи махтум” муроҷиат намоед.