Question № 01095

Оё дуруст аст, ки ҳангоми пеш омадани мушкилоти гуногун такрор кардани номҳои Худованд онҳоро бартараф месозад? Яъне вобаста ба мушкилот ҳамон номи Худовандро бисёр такрор кардан.

Question:

Оё дуруст аст, ки ҳангоми пеш омадани мушкилоти гуногун такрор кардани номҳои Худованд онҳоро бартараф месозад?  Яъне вобаста ба мушкилот ҳамон номи Худовандро бисёр такрор кардан.

Саволдиҳанда: Рамазон

Answer:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, албатта кушояндаи ҳамаи мушкилот танҳо Худованд аст, вақте ки банда Худоро бо номҳояш мехонад ва холисона дуо мекунад, Худованд дасту ӯро холӣ барнамегардонад Чунончи мефармояд: «Ва номҳои нек аз они Худо аст. Пас Ӯро ба он номҳо бихонед». (“Аъроф”, 180) Дар ҷои дигар мефармояд: “Ва чун бандагони Ман дар бораи Ман туро бипурсанд – пас, ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро – чун дуо кунад – қабул мекунам”. (“Бақара”, 186) Албатта ҳар яке аз номҳои Худованд фазилатҳои ба худ хос дорад, ки инсон дар ҳолатҳои гуногун ва дар вақти пеш омадани мушкилот Ӯро бо ин номҳо холисона бихонад, дуои ӯро иҷобат намуда, мушкилашро бартараф хоҳад кард.

2017-05-02
3030
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38