Question № 01105
Маънои номи Анӯшервон чист?
Question:
Ассалому алайкум. Маънои номи Анӯшервон чист?
Саволдиҳанда: Абдураҳмон
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ин ном дар фарҳангҳо ба ду гуна омадааст: Анӯшервон ва Нӯшервон. Сурати аввал аз ду ҷузъи “анӯша” ва “равон” таркиб шудааст, “анӯша” ба маънои хуррам ва хушҳол, “равон” ба маънои ҷон ва рӯҳ мебошад. Сурати дуюм аз се ҷузъ иборат аст: “нӯ” - нав, “шер” – номи ҳайвони дарранда ва “вон” – монанд, яъне монанди шери ҷавон.