Question № 01106

Шахсе ҳангоми тангдастӣ зиндагиашро бо қарз пеш мебурд. Чандин сол дар хориҷи кишвар муҳоҷир шуда буд, то ки қарзашро пардохт кунад. Ниҳоят маблағи кофие барои прадохти қарз ҷамъ кардааст аммо...

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. 1. Нафаре, ки намоз мехонаду дар баробари он ба таҳқиру мазоҳ кардани мардум машғул аст, ҳукмаш дар назди Парвардигор чист? 2. Шахсе ҳангоми тангдастӣ зиндагиашро бо қарз пеш мебурд. Чандин сол дар хориҷи кишвар муҳоҷир шуда буд, то ки қарзашро пардохт кунад. Ниҳоят маблағи кофие барои прадохти қарз ҷамъ кардааст. Акнун мехоҳад қарзашро ба тамом пардохт намояд, аммо нишонии баъзе аз соҳибони қарзро гум кардааст, онҳо низ барои пардохти қарзашон муроҷиат накардаанд. Ин шахс он қарзҳоро чӣ гуна пардохт намояд, то ки аз он қарзҳо ба тамом халос ёбад?

Саволдиҳанда: Шоҳин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, нафаре, ки намоз мехонад ва корҳои зишт анҷом медиҳад, аз нигоҳи шариат фосиқ шумурда мешавад, зеро маънои фисқ хориҷ шудан аз итоати Худованд аст. Таҳқиру мазоҳ кардани мардум гуноҳи кабира аст ва шариат аз он манъ кардааст. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй мӯъминон, гурӯҳе бо гурӯҳе тамасхур накунад, эҳтимол аст, ки он гурӯҳ(-и тамасхуршаванда) аз онҳо беҳтар бошанд. Ва занон бо занони дигар (тамасхур накунанд), эҳтимол аст, ки он занон аз онҳо беҳтар бошанд. Ва дар миёни хеш айбҷӯӣ макунед ва бо лақабҳои бад якдигарро махонед. Баъд аз имон овардан фосиқӣ номи баде аст. Ва касоне, ки тавба намекунанд – ҳамонҳо ситамкоронанд». («Ҳуҷурот», 11). Шахсе, ки ба ин гуна корҳои қабеҳ даст мезанад, бояд ба сӯи Худованд тавба кунад ва узр бихоҳад. 2. Агар соҳибони қарзро ба ёд оварда натавонист, пас он молро нигоҳ дорад, то ин ки соҳибони қарз пайдо шаванд. Агар хавфи талаф шудани мол вуҷуд дорад, онро садақа кунад. Агар пас аз чанд моҳ ё соле соҳибони қарз пайдо шуданд, қарзи онҳоро пардохт мекунад, агар соҳиби қарз аз садақа кардани мол розӣ шавад, ӯ низ савоб мегирад. 

2017-05-08
2629
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38