Question № 01114

Пас аз мурдани одам бисёр гиряву нола кардани хешовандон ба одами фавтида чӣ таъсире дорад? Баъзе одамон мегӯянд, ки азобаш медиҳанд, бархе дигар мегӯянд, ки таги кафанаш тар мешавад.

Question:

Ассалому алейкум домуллои муҳтарам. Пас аз мурдани одам бисёр гиряву нола кардани хешовандон ба одами фавтида чӣ таъсире дорад? Баъзе одамон мегӯянд, ки азобаш медиҳанд, бархе дигар мегӯянд, ки таги кафанаш тар мешавад. Ба ҳамин суоли ман чавоб медодед.

Саволдиҳанда: Манучеҳр

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ гиря кардан болои майит бо садои паст дуруст аст, аммо гиря бо овози баланд ва мӯй кандану чеҳра харошидан ва суханони носипосомез гуфтан мамнуъ аст. Ба сабаби гиряи аҳли хонадон майитро азоб намекунанд, агар аҳли хонаводаашро ба доду фиғон кардан пас аз маргаш васият накарда бошад. Тар шудан таги кафани майит сухани беҳуда аст ва асоси шаръӣ надорад. 

2017-05-08
3034
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39